Раисиҷумҳури Эрон: Режими саҳюнистӣ нохоста иродаи дастаҷамъии Уммати исломиро бедор кард
-
Масъуди Пизишкиён, раисҷумҳури Эрон
Порстудей - Раисҷумҳури Эрон бо таъкид бар ин ки ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба Давҳа аз ноумедӣ, гуфт: Режиме, ки ба мавқеъи худ мутмаин аст, ниёзе ба бомбаборони музокиракунандагон надорад.
Масъуди Пизишкиён, раисҷумҳури Эрон, рӯзи душанбе дар нишасти фавқулодаи сарони кишварҳои исломӣ ва Иттиҳодияи Араб, ки ба манзури мавзеъгирии воҳид алайҳи ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ дар Давҳаи Қатар баргузор шуд, афзуд: Режими саҳюнистӣ алайҳи истиқлол, шаъну шараф ва ояндаи кишварҳои минтақа ҷанг эълон кардааст.
Раисҷумҳури Эрон таъкид кард: Таҷовузи бераҳмонаи режими Исроил дар 9 сентябри соли 2025 алайҳи Қатар як ҳамлаи аз пеш тарҳрезишуда буд, ки ба ҳадафи тахриби талошҳои дипломатӣ барои поён додан ба наслкушӣ дар навори Ғазза анҷом шуд; ин таҷовуз ба дипломатия, беш аз ҷиноят ва эълони ошкор ва бешармона буд, ки қудрати низомӣ ҳалкунанда аст, на қонун.
Пизишкиён афзуд: "Мутаассифона, террористҳои ҳокими Тел-Авив пас аз хиёнати мушобеҳ ба дипломатия дар моҳи июни соли 2025 ва оғози ҷанги таҷовузкорона алайҳи мардуми Эрон, эҳсоси беҷазоӣ карданд ва бепарвотар шуданд."
Раисҷумҳури Эрон таъкид кард: "Ҳеҷ шак нест, ки ҳамлаҳои ҳафтаи гузашта ба Давҳа терроризми холис буд; далелаш он аст, ки режими Тел-Авив аз ҳар гуна маҳдудиятҳои ахлоқӣ ва ҳуқуқӣ даст кашидааст."
Раиси дастгоҳи иҷроияи Эрон бо таъкид бар ин ки дар ду соли гузашта навори Ғазза ба ҷиноёти даҳшатборе, ки виҷдони башариятро такон додааст, гирифтор шудааст, афзуд: "Имрӯз Ғазза сӯхтааст, беш аз 64 000 фаластинӣ дар камтар аз 2 сол ба шаҳодат расидаанд, кӯдакон гуруснагӣ мекашанд ва дар айни ҳол ҷаҳон фақат ба тамошо ва ибрози маҳкумият басанда кардааст. Додгоҳи байналмилалии ҷазоӣ ҳукм кардааст, ки амалкарди режими саҳюнистӣ наслкушӣ аст, аммо мошини куштор ба кор идома медиҳад ва ҳамакнун доираи худро ба Қатар густариш додааст.
Раиси Ҷумҳурии Эрони хитоб ба сарони кишварҳои исломӣ ва Иттиҳодияи Араб афзуд : Бояд масири хатарнокеро ки бо он рӯбарӯ ҳастандро бишносанд ; режими саҳюнистӣ дар соли 2025 чанд кишвари мусулмонро бомбаборон кардааст . Ҳар ҳамлаву таҷовузи ин режим ба унвони дифои машрӯъ асоснок карда мешавад ва ҳар бор дупаҳлугуии кишварҳои ғарбӣ ва ҳаддиаксар маҳкумиятҳои бетаъсирро ба дунбол дорад.