Донишгоҳи байналмилалии Имом Ризо ( а); Марҷаъи илмии навин дар ҷаҳони ислом
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i122084-Донишгоҳи_байналмилалии_Имом_Ризо_(_а)_Марҷаъи_илмии_навин_дар_ҷаҳони_ислом
Порс Тудей - Дар шаҳри муқаддаси Машҳад, ҷое ки боргоҳи малакӯтии Имом Ризо (а), аз наводагони Паёмбари гиромии Ислом (с), илҳомбахши андеша, имон ва тамаддун аст, Донишгоҳи байналмилалии Имом Ризо (а) ба унвони яке аз марокизи илмии пешрав дар Эрон, бо чашмандозе ҷаҳонӣ ва маъмурияте тамаддунсоз фаъолият мекунад.
(last modified 2025-09-24T08:21:27+00:00 )
Сентябр 24, 2025 11:47 Asia/Dushanbe
  • Донишгоҳи байналмилалии Имом Ризо ( а); Марҷаъи илмии навин дар ҷаҳони ислом

Порс Тудей - Дар шаҳри муқаддаси Машҳад, ҷое ки боргоҳи малакӯтии Имом Ризо (а), аз наводагони Паёмбари гиромии Ислом (с), илҳомбахши андеша, имон ва тамаддун аст, Донишгоҳи байналмилалии Имом Ризо (а) ба унвони яке аз марокизи илмии пешрав дар Эрон, бо чашмандозе ҷаҳонӣ ва маъмурияте тамаддунсоз фаъолият мекунад.

Донишгоҳи байналмилалии Имом Ризо (а) дар шаҳри Машҳад, пас аз гирифтани муҷаввиз аз Шӯрои олии инқилоби фарҳангӣ дар соли 1994 милодӣ, фаъолияти расмии худро аз соли 1999 оғоз кард ва мадорики он мавриди таъйди вазорати улӯм, таҳқиқоту фанноварии Эрон аст.

Зарфиятҳо ва имконоти омӯзишӣ

Ба гузориши Порс Тудей, донишгоҳи байналмилалии Имом Ризо (а) бо ду фазои омӯзишии мустақил барои занону мардон дар замине ба вусъати 33,000 метри мураббаъ  ва баҳрагирӣ аз беш аз 60 узви ҳайати илмӣ ва 500 устоди мадъу(меҳмон), бистаре муносиб барои рушди илмӣ ва фарҳангии донишҷӯён фароҳам кардааст. Пазириши донишҷӯ дар беш аз 60 ришта дар мақотеъи коршиносӣ, коршиносии аршад ва докторӣ анҷом мешавад; бархе риштаҳо аз тариқи озмӯни саросарӣ ва бархе бар асоси савобиқи таҳсилӣ. Ҳамчунин, пазириш дар 7 риштаи хос бо шароити вижа ва мусоҳибаи илмӣ дар давраҳои коршиносии аршади пайваста, нишондиҳандаи диққату кайфият дар фароянди ҷазби донишҷӯ аст.

Донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии Имом Ризо (а)

Ба гузориши равобити умумии донишгоҳ, дар ҳоли ҳозир 500 донишҷӯи хориҷӣ аз ҳашт миллияти мухталиф дар Донишгоҳи байналмилалии Имом Ризо (а) машғӯл ба таҳсил ҳастанд, ки ниме аз ин донишҷӯёнро бонувон ташкил медиҳанд.

Донишгоҳи байналмилалии Имом Ризо (а)

Марҷаъияти илмӣ дар ҷаҳони ислом

Донишгоҳи байналмилалии Имом Ризо (а) бо ҳадафи тарбияти неруи инсонии муъмин, мутахассису инқилобӣ, дар масири дастёбӣ ба марҷаъияти илмӣ дар ҷаҳони ислом гом бардоштааст. Касби рутбаи сатҳи як дар миёни донишгоҳҳои ғайридавлатии кишвар, гувоҳе бар кайфияти омӯзишӣ ва пажӯҳишии ин марказ аст. Дар расонаҳои тахассусии омӯзиши олӣ, ин донишгоҳ борҳо ба унвони намунае муваффақ аз тавсеаи илмӣ дар бахши ғайридавлатӣ, муаррифӣ шуда ва мавриди таҳсини соҳибназарони қарор гирифтааст.

Донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии Имом Ризо (а)

Ифтихори ҷаҳонӣ дар арсаи пажӯҳиш

Дар соли 2025, номи ду чеҳраи илмӣ, доктор Афсона Ғанизода, донишёри гуруҳи забони англисии ин донишгоҳ ва Дорюши Аббосинажод, донишомӯхтаи Донишгоҳи байналмилалии Имом Ризо (а), дар феҳристи 2 дарсади пажӯҳишгарони пуристиноди ҷаҳон қарор гирифт. Ин рутбабандии муътабар тавассути Донишгоҳи Стэнфорд ва бар асоси додаҳои пойгоҳи илмии Scopus анҷом шуда ва нишондиҳандаи ҷойгоҳи илмии барҷастаи донишгоҳ дар сатҳи байналмилалӣ аст.

Дипломатияи илмӣ бо Ироқ; гоме ба сӯи ҳамкориҳои минтақаӣ

Дар сентябри 2025, сарпарасти донишгоҳ, доктор Иброҳими Донишӣ Фар, дар сафаре расмӣ ба Ироқ бо мақомоти донишгоҳӣ ва масъулони вазорати улӯми ин кишвар дидор кард. Дар ин сафар, тафоҳумномаҳои ҳамкории илмӣ, фарҳангӣ ва пажӯҳишӣ бо донишгоҳҳои барҷастаи Ироқ, аз ҷумлаи Донишгоҳи Ворис Ал Анбиё, Ал Амид, Фанноварии иттилооту иртибото , Ал Мансур, Ал Асро, Ал Кунуз ва Ал Тақния Ал Ҷанубия ба имзо расид. Ин тафоҳумномаҳо шомили табодули устоду донишҷӯ, иҷрои пружаҳои таҳқиқотии муштарак, баргузории коргоҳҳои омӯзишӣ ва ҳамкорӣ дар маҷаллоти илмӣ аст.

Донишгоҳи байналмилалии Имом Ризо (а) бо рӯйкарде навоварона, маънавиятмеҳвар ва байни фарҳангӣ, аз донишҷӯён ва пажӯҳишгарони саросари ҷаҳон даъват мекунад то дар масири дониш, ахлоқ ва тамаддунсозии навини исломӣ–эронӣ ҳамроҳ шаванд.