Ироқчӣ: Дар бозии иснапбак тройкаи аврупоӣ пирӯз нахоҳанд буд
-
Сайид Аббоси Ироқчӣ, вазири хориҷаи Эрон
Порс-Тудей. Вазири хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон иқдоми се кишвари аврупои (Англия, Фаронса ва Олмон)-и узви БарҶом дар фаъолсозии созукори иснапбакро фоқиди ваҷоҳати қонунӣ ва сиёсӣ донист.
Ба гузориши Порс-Тудей, Сайид Аббоси Ироқчӣ, вазири хориҷаи Эрон дар ёддоште, ки дар рӯзномаи “Ҷакарта пост”-и Индонезия мунташир шудааст, бо маҳкумияти иқдоми се кишвари аврупоӣ дар ростои фаъолсозии иснапбак навишт: Тройкаи аврупоӣ бо оғози ин бозӣ, паёмадҳои манфии фаровонеро мутаваҷҷеҳи эътибору ҷойгоҳи байналмилалии Аврупо намудааст. Дар ин бозӣ се кишвари аврупоӣ на танҳо пирӯзи майдон нахоҳанд буд, балки аз равандҳои дипломатии оянда низ канор гузошта хоҳанд шуд.
Вазири хориҷаи Эрон ин иқдоми се кишвари аврупоиро таҳдиде ҷиддӣ барои эътибори байналмилалии Аврупо ва тавофуқи ҳастаии 2015 донисту афзуд: Кишварҳои ноқизи тааҳҳудот худ наметавонанд аз мазоёи тавофуқе баҳраманд шаванд, ки онро тазъиф кардаанд. Ироқчӣ зимни таъкид бар инки Эрон ҳаргиз дар хусуси ҳокимият, ҳуқуқ ё амнияти худ созиш нахоҳад кард, афзуд: Дар сурати бозгашти таҳримҳои лағвшуда, Эрон ҳамкориҳои худ бо Ожонси байналмилалии атомиро поёнёфта талаққӣ хоҳад кард.