Тавлидоти донишбунёни эронӣ| Аз маҳсӯлоти навини беҳдоштӣ то иртиқои диққати китҳои ташхисӣ
Порс Тудей - Як ширкати донишбунёни эронӣ муваффақ ба тавсеаи маҳсӯлоти навоваронае шуда, ки дар саноати мухталиф, аз ҷумла ороишӣ ва беҳдоштӣ, нассоҷӣ ва пластик корбурд дорад.
Ахиран дар бозори Эрон навъи ҷадиде аз маводи поя барои лавозими беҳдоштӣ тавассути ширкатҳои донишбунён тавлид шудааст.
Ба гузориши Порс Тудей, аз ҷумлаи ин мавод нонозарроти дисулфат селена бо тағйироти ҷадиде аст, ки ба сӯрати коллоидӣ тавлид мешавад ва дар саноати шомпусозӣ корбурд дорад.
Бар хилофи намунаҳои пудрии мутадовил дар бозор, форми коллоидӣ ва абъоди нанометрии ин маҳсӯл боиси афзоиши чашмгири асарбахшии он шудааст. Ин вижагӣ мӯҷиб шуда то мизони масрафи ин мода дар хати тавлид ба як панҷум коҳиш ёбад. Ин нанозаррот хосияти зиддишура ва зиддихорши қобили таваҷҷӯҳе эҷод мекунанд.
Яке дигар аз маҳсӯлоти қобили таваҷҷуҳи ин ширкат, маҳлӯли зиддиуфӯникунандае бо номи наноклиния аст, ки бо истифода аз нанозарроти нуқра ва оксидиру тавлид шудааст. Ин маҳсӯл, ки таъйдияи Созмони ғизо ва доруи Эронро низ дарёфт карда, барои зиддиуфӯнии дасту сутӯҳи мухталиф қобили истифодааст.
Вуҷӯди нанозаррот дар формулятсияи ин маҳсӯл, боиси афзоиши асарбахшии он дар аз байн бурдани микрооргонисмҳо шудааст. Ин маҳлӯл бидун ниёз ба обкашӣ, сутӯҳу дастҳоро зиддиуфӯнӣ мекунад ва ба далели доро будани таркиботи мартӯбкунанда ва нармкунанда, аз хушкии пӯст ҷилавгирӣ мекунад. Ин ширкат дар ҳоли тавсеаи маҳсӯлоти ҷадиде, аз ҷумла нанозарроти диоксиди титан барои эҷоди хавоси худтамизшуяндагӣ низ аст.
Хабари дигар инки муҳаққиқони эронӣ муваффақ ба тавлиду озмоиши як протеини навтаркиби ҷадид шудаанд, ки ҳассосияту диққати китҳои ташхисии бемории ангалии «токсокароз»-ро ба таври чашмгире беҳбуд мебахшад. Ин дастоварди илмӣ метавонад ба ташхиси сареътар, дақиқтар ва ба мавқеъ ин уфунат, бавижа дар кӯдакон мунҷар шавад ва аз бурузи аворизи шадиде монанди нобиноӣ ҷилавгирӣ кунад.