Бонуи миллипӯши эронӣ дар парадаввамайдонии қаҳрамонии ҷаҳон тиллоӣ шуд
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i122198-Бонуи_миллипӯши_эронӣ_дар_парадаввамайдонии_қаҳрамонии_ҷаҳон_тиллоӣ_шуд
Порс Тудей - Илҳоми Солеҳӣ, бонӯи миллипӯши эронӣ дар рақобатҳои парадаввамайдонӣ муваффақ ба касби унвони қаҳрамонии ҷаҳон шуд.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Октябр 01, 2025 13:06 Asia/Dushanbe
  • Бонуи миллипӯши эронӣ дар парадаввамайдонии қаҳрамонии ҷаҳон тиллоӣ шуд

Порс Тудей - Илҳоми Солеҳӣ, бонӯи миллипӯши эронӣ дар рақобатҳои парадаввамайдонӣ муваффақ ба касби унвони қаҳрамонии ҷаҳон шуд.

Илҳоми Солеҳӣ, бонӯии миллипӯши эронӣ дар панҷумин рӯзи рақобатҳои парадаввамайдонии қаҳрамонии ҷаҳон, дар модаи партоби найзаи класс F54 ба майдон рафт ва дар партоби панҷум бо сабти 17.06 метр тавонист унвони қаҳрамонии ҷаҳон ва медоли тиллои мусобиқотро аз они худ кунад.

Ба гузориши Порс Тудей, ин дуюмин медоли Солеҳӣ дар мусобиқоти парадаввамайдонии қаҳрамонии ҷаҳон аст, ӯ рӯзи сешанбе ҳам дар партоби вазна соҳиби медоли брунз шуд.

То пеш аз ин тими парадаввамайдонии Эрон дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон соҳиби 4 медол шуда буд. Амирҳусайни Алипӯр ва Маҳдии Авлод дар модаи партоби вазнаи класси F11 ба тартиб соҳиби медоли тилло ва нуқра шуданд. Амонуллоҳи Попӣ дар партоби найзаи класси F57 ва Илҳоми Солеҳӣ дар партоби вазнаи класси F54 соҳиби медоли брунз шуданд.