Андешаҳои имом Хумайнӣ| Иллати душмании Амрико кӯтоҳии дасташ аз захоири Эрон аст
-
Имом Хумайнӣ (раҳ), бунёнгузори кабири Ҷумҳурии исломии Эрон
Порс-Тудей. Имом Хумайнӣ (раҳ), бунёнгузори кабири Ҷумҳурии исломии Эрон, иллати душмании Амрикоро кӯтоҳии дасташ аз захоири Эрон дониста буданд.
Ба гузориши “Порс”Тудей”, ҳазрати имом Хумайнӣ (раҳ), бунёнгузори кабири Ҷумҳурии исломии Эрон дар яке аз суханрониҳои худ дар ҷамъи коркунони бимаи марказии Эрон гуфтанд: Ин бисоте, ки Амрико даровардааст ва ин ҳаёҳуе, ки ин “шайтони бузург” фарёд мезанаду шаётинро даври худаш ҷамъ мекунад, ин барои он аст, ки дасташ кӯтоҳ шудааст. Дасташ аз захоири мо, аз манофеъе, ки дар инҷо дошт, кӯтоҳ шудааст. Ва тарси инро дорад, ки дигар то охир ин кӯтоҳӣ бошад, аз ин ҷиҳат тавтеа мекунад.
Аз ҳеҷ қудрате наметарсем
Дар ҳамин росто имом Хумайнӣ (раҳ) дар яке аз мусоҳибаҳо бо маҷаллаи “Тайм” хотирнишон карданд: Мо мехоҳем ба ҳамаи дунё нишон диҳем, ки қудратҳои фоиқаро ҳам метавон бо неруи имон шикаст дод. Мо дар баробари давлати Амрико бо ҳамаи қудраташ муқовимат мекунем ва аз ҳеҷ қудрате наметарсем.
Ваҳдат - роҳ мубориза бо Амрико
Дар ҳамин ҳол бунёнгузори кабири Ҷумҳурии исломии Эрон дар яке аз нуктаҳо, дар паёме ба хонаводаи шуҳадо гуфтанд: Ҳон, эй мазлумони ҷаҳон! Аз ҳар қишр ва аз ҳар кишваре ҳастед, ба худ оед ва аз ҳаёҳуву арбадаи Амрико ва соири зӯрмандони тиҳимағз наҳаросед ва ҷаҳонро бар онон танг кунеду ҳаққи худро бо мушти гиреҳкарда аз онон бигиред. Ва ҳон, эй муслимин! Аз ҳар тираву пайрави ҳар мазҳаб, ки ҳастед, душмании хонагиро канор бигзоред ва ба фармони Қуръони Кариму Худои бузург гардан ниҳед: “Ваъْтасиму биҳабْлиллоҳи ҷамиъоً ва ло туфаррқу”. Худованди таъоло иззатро барои худу расули азимушшаъни худ ва муъминин қарор додааст. Ба ҳукуматҳои ҷобирона, ки ҳастии шуморо таҳти ихтиёри душманони Ислом қарор додаанд, бишӯреду мамолики худро аз дасти ин хоинини сияҳрӯй наҷот диҳед, ки Худованд бо шумост.
Навиди пирӯзӣ бар Амрико
Имом Хумайнӣ (раҳ) ҳамчунин дар яке дигар аз паёмҳо ба муслимини ҷаҳон ва зоирони Байтуллоҳилҳаром хотирнишон карданд: Мо муборизаи сахт ва беамони худро алайҳи Амрико шуруъ кардаем ва умедворем фарзандонамон бо озодӣ аз зери юғи ситамкорон, парчами тавҳидро дар ҷаҳон биафрозанд. Мо яқин дорем агар дақиқан ба вазифаамон, ки мубориза бо Амрикои ҷинояткор аст, идома диҳем, фарзандонамон шаҳди пирӯзиро хоҳанд чашид. Бунёнгузори кабири Ҷумҳурии исломии Эрон дар яке дигар аз суханрониҳо дар ҷамъи аъзои ҳайати эронӣ дар конфронси байнулмаҷолис гуфтанд: Оё мо метавонем навкару асири Амрико ва давлатҳои кофар шавем? Ҳаргиз миллат зери бори ин нанг нахоҳад рафту тан ба ин зиллат нахоҳад дод. Миллати Эрон дар муқобили Амрико меистад ва ба умеди Худованд пирӯз аст.