Лориҷонӣ: Ғарб намехоҳад музокираи воқеӣ кунад/ Ҳизбуллоҳ як ҷараёни решадор аст
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i122232-Лориҷонӣ_Ғарб_намехоҳад_музокираи_воқеӣ_кунад_Ҳизбуллоҳ_як_ҷараёни_решадор_аст
Дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон гуфт: Ғарб ба дунболи фишор бар Теҳрон аст ва намехоҳад музокираи воқеӣ кунад.
(last modified 2025-10-03T14:03:30+00:00 )
Октябр 03, 2025 19:01 Asia/Dushanbe
  • Алии Лориҷонӣ, дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон
    Алии Лориҷонӣ, дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон

Дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон гуфт: Ғарб ба дунболи фишор бар Теҳрон аст ва намехоҳад музокираи воқеӣ кунад.

Алии Лориҷонӣ, дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон гуфт: Ғарбу Исроил ин талаққиро доранд, ки агар фишори иқтисодӣ бар Эрон ворид шавад, мумкин аст буҳронҳои иҷтимоӣ эҷод шавад ва дар ин сурат роҳаттар битавонанд бо Эрон тасвияҳисоб кунанд.

Ба гузориши “Порс-Тудей”, Лориҷонӣ бо баёни инки Ғарб ба дунболи фишор бар Эрон аст, гуфт: Вақте тарафи амрикоӣ сароҳатан мегӯяд, бояд бурди мушакҳои шумо зери 500 километр бошад, нишон медиҳад, ки намехоҳад музокираи воқеӣ кунад. Вай бо ишора ба бадаҳдии тарафайни ғарбӣ дар иҷрои мафоди тавофуқи БарҶом афзуд: Дар ин тавофуқ аввал Амрико ва баъд аврупоиҳо тахаллуф карданду ҳоло Эронро муттаҳам ба тахаллуф мекунанд.

 

Ҳизбуллоҳ як ҷараёни решадор аст

Лориҷонӣ дар идома гуфт: Инки Ҳизбуллоҳ зарба хӯрдаастро наметавон инкор кард, аммо як нукта ҳаст, ки ба назарам душман рӯи он бештар фикр мекунад то худи мо инки ин ҷараён решадор аст, чун як тафаккури идеологӣ пушташ вуҷуд дорад ва масири муҷоҳидатро дунбол мекунад. Вақте фишор ба ин ҷараён ворид шавад, зарфиятҳояш бештар боз мешавад ва як ҷараёни фикрӣ, ки равишаш муҷоҳидат аст, аз ин тариқ аз байн намеравад.

 

Ҳадафи Ғарб эҷоди тасаллути Исроил бар минтақа аст

Вай гуфт, ба назар мерасад Амрико, Исроил ва Ғарб то ҳадди зиёде ба ин талаққӣ расидаанд, ки замони маҳдуде доранд то геополитикаи минтақаро тағйир диҳанд ва аз вижагиҳои муҳими геополитика дар шароити феълӣ, ки ҷараёни муқовимат ҷараён муассире аст, ғофил нестанд. Ҳадафи онҳо дар воқеъ аз байн бурдани муқовимат дар кишварҳои мухталиф ва эҷоди тасаллути Исроил аст. Бо ин ҳол, бояд тавваҷуҳ дошт, ки тасаллути Исроил бо маҳдудиятҳое мувоҷеҳ аст. Барои инки тасаллуте пазируфта шавад, маъмулан бояд ҳижмунии фикрӣ, иқтисодӣ ё фановаронае вуҷуд дошта бошад, аммо ҳеҷ кадом аз ин вижагиҳо дар Исроил ба сурати қобили тавваҷуҳ дида намешавад.