Новшикани “Ҷаморон”; ҷилвае аз тавони муҳандисии эронӣ дар арсаи низомӣ
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i122260-Новшикани_Ҷаморон_ҷилвае_аз_тавони_муҳандисии_эронӣ_дар_арсаи_низомӣ
Порс Тудей – Сохту роҳандозии новшикани Ҷаморон, паёме возеҳ ба дунё буд: Эрон бо вуҷӯди тамомии таҳримҳои золимонаи Ғарб, қодир аст, печидатарин фанновариҳои низомиро бумисозӣ карда ва дар масири таъмини амнияти миллии худ ба кор гирад.
(last modified 2025-10-05T13:30:45+00:00 )
Октябр 05, 2025 12:32 Asia/Dushanbe
  • Новшикани “Ҷаморон”; ҷилвае аз тавони муҳандисии эронӣ дар арсаи низомӣ

Порс Тудей – Сохту роҳандозии новшикани Ҷаморон, паёме возеҳ ба дунё буд: Эрон бо вуҷӯди тамомии таҳримҳои золимонаи Ғарб, қодир аст, печидатарин фанновариҳои низомиро бумисозӣ карда ва дар масири таъмини амнияти миллии худ ба кор гирад.

Новшикани Ҷаморон, ба унвони яке аз намодҳои муҳими худкафоии дифоии Эрон, намунае бориз аз тавонмандии муҳандисони дохилӣ дар тарроҳӣ ва сохти шиноварҳои сатҳии пешрафтааст.

Ба гузориши Порс Тудей, ин новшикан, ки номи худро аз минтақае дар Теҳрон гирифта, на танҳо як киштии ҷангӣ, балки паёме стратегӣ дар бораи азми Эрон барои таъмини амнияти дарёии худ дар обҳои ҳаётӣ, монанди Халиҷи Форс ва Дарёи Уммон аст.

Таваллуди як ғӯли дарёӣ

“Ҷаморон”, ки бо шумораи баданаи 76 шинохта мешавад, аввалин новшикан аз класси мавҷ маҳсӯб мегардад. Тарроҳӣ ва сохти он чанд сол ба тӯл анҷомид ва ниҳоятан дар таърихи 28 баҳмани 1389 ба сӯрати расмӣ вориди хизмат дар неруи дарёии Артиши Ҷумҳурии исломии Эрон шуд. Агарчӣ зоҳири он шабоҳатҳое бо ноошиканҳои класси “Алванд” дорад, аммо гузоришҳо ҳокӣ аз он аст, ки беш аз 70 дарсади тарроҳӣ ва сохти он бумӣ буда ва иртиқои қобили таваҷҷӯҳе дар системаҳои радарӣ, электронӣ ва таслеҳотии он сӯрат гирифтааст.

Мушаххасоту қобилиятҳои размӣ

Новшикани “Ҷаморон” бо тӯли ҳудӯди 94 метру вазни 1400 тон, як шиновари сатҳӣ бо қобилиятҳои чандмунзура аст. Муҳимтарин вижагиҳои размии онро метавон дар бахшҳои зер хулоса кард:

Таслеҳоти мутанаввеъ: “Ҷаморон” ба як зарродхонаи комил муҷаҳҳаз аст:

Мӯшакҳои сатҳ ба сатҳ: Ин новшикан муҷаҳҳаз ба чаҳор Launcher партоби мӯшакҳои “Қодир” ё “Нур”аст. Ин мӯшакҳои зидди киштӣ, тавоноии ҳадаф қарор додани шиноварҳои душман дар фосилаи даҳҳо то садҳо километриро доранд.

Тупи дарёӣ: Як тупи аслии 76 милиметрӣ бар рӯи аршаи он насб шуда, ки барои даргирӣ бо аҳдофи сатҳӣ ва ҳавоӣ дар бурди кӯтоҳ истифода мешавад.

Тупҳои дифои наздик: Системаҳои тупхонаии камарӣ ва ҳамчунин тупҳои 20 милиметрӣ барои муқобила бо таҳдидоти бисёр наздик монанди қоиқҳои тундрав.

Мӯшакҳои сатҳ ба ҳаво: Ин новшикан қобилияти насби сомонаҳои падофанди ҳавоии бурди кӯтоҳро дорад, ки сипаре дифоӣ дар баробари ҳавопаймоҳо ва ҳелекуптерҳои душман эҷод мекунад.

Аждар: Ин новшикан муҷаҳҳаз ба се Launcher Аждари 324 милиметрӣ барои ҷанги зидди зердарёӣ аст.

Сомонаҳои электронӣ ва радарӣ: “Ҷаморон” ба радарҳои ҷустуҷуи ҳавоӣ ва сатҳӣ, сомонаи ҷанги электронӣ ва сомонаи шунуди электронӣ муҷаҳҳаз аст, ки тавоноии раҳгирӣ, шиносоӣ ва гумроҳ кардани аҳдофу таҳдидотро ба он медиҳад.

Нақши стратегӣ дар неруи дарёии артиш Эрон

Нақши новшикани Ҷаморон фаротар аз як шиновари маъмӯлӣ аст. Ин новшикан ҳастаи марказии “новгурӯҳҳо”- дарёии артиши Эронро ташкил медиҳад. Маъмурияти аслии он шомили “ҳифозат аз хутути киштиронӣ ва манофеи дарёии Эрон”, “эъмоли ҳокимияти миллӣ дар обҳои сарзаминӣ”, “анҷоми амалиёти гаштзании дарёӣ” ва “раҳбарии гуруҳҳои размии муташаккил аз қоиқҳои тундравии мӯшакандоз”аст. Ҳузури “Ҷаморон” тавони амалиётии неруи дарёии артиши Эронро ба таври кайфӣ иртиқо дода ва ба Эрон ин имконро медиҳад, ки дар канори стротегияи номутақорин (истифода аз қоиқҳои кучак), аз тавоноии як новгони матаъориф ва муназзам низ бархӯрдор бошад.