Қолибоф: “Тӯфони Алақсо” ҷаҳонро ба суи амрикозудоӣ ва ҳимоят аз мазлумон кашонд
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i122298-Қолибоф_Тӯфони_Алақсо_ҷаҳонро_ба_суи_амрикозудоӣ_ва_ҳимоят_аз_мазлумон_кашонд
Порс Тудей–Раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон таъкид кард, ки миллати Эрон бар сари тамомияти арзии худ, бавижа ҷазоири сегона, ҳеҷ гуна мумошоте нахоҳад дошт.
(last modified 2025-10-09T03:25:01+00:00 )
Октябр 08, 2025 11:02 Asia/Dushanbe
  • Қолибоф: “Тӯфони Алақсо” ҷаҳонро ба суи амрикозудоӣ ва ҳимоят аз мазлумон кашонд

Порс Тудей–Раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон таъкид кард, ки миллати Эрон бар сари тамомияти арзии худ, бавижа ҷазоири сегона, ҳеҷ гуна мумошоте нахоҳад дошт.

Муҳаммадбоқири Қолибоф, раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар суханоне, гуфт: Иддаоҳои мудохилаҷӯёна дар бораи ҷазоир ҳамеша эронии Тунби бузург, Тунби кучак ва Абу Мусоро ба шиддат маҳкӯм мекунем.

Ба гузориши Порс Тудей, Қолибоф таъкид кард: Тамомияти арзии Эрон бо хуни садҳо ҳазор ҷавони баруманди ин сарзамин тасбит шуда ва миллати Эрон бо ҳеҷ мутаваҳҳиме дар ин бора мумошот намекунад.

Қолибоф бо ишора ба дуюмин солгарди амалиёти Тӯфони Алақсо, ин иқдомро зарбае роҳбурдӣ ба режими саҳюнистӣ ва муҳосиботи истикбори ҷаҳонӣ донист, ки мӯҷиби фурӯ рафтани Исроил дар ботлоқи шикаст шуд. Гарчӣ аз он замон токунӯн, режими ишғолгар, бо ҳимояти бешармонаи Амрико, беш аз даҳҳо ҳазор фаластиниро шаҳид карда, ғайринизомиёнро ба хоку хун кашида, Борикаи Ғаззаро ба вайронае табдил карда ва бузургоне ҳамчун Саидҳасан Насруллоҳ, Саидҳошим Сафиддин, Исмоил Ҳания ва Яҳё Синворро ба шаҳодат расондааст.

Вай таъкид кард, ҷабҳаи муқовимат дар Фаластин, Лубнон, Яман ва дифои мардуми Эрон бо сабру истиқомат, шароити минтақаро ба ҷое расондаанд, ки Исроил ба манфӯртарин режим дар ҷаҳон табдил шудааст, саҳюнистҳо дар аксари нуқоти дунё аз тарси бархӯрди мардум оромиши худро аз даст додаанд, хушбинии сокинони сарзаминҳои ишғолӣ ба амният, иқтисоду инсиҷоми иҷтимоӣ ба ададҳои буҳронии ҳудӯди як сеюм расидааст ва омори расмӣ аз муҳоҷирати маъкӯси беш аз 3 баробар нисбат ба муҳоҷират ба Фаластини ишғолӣ хабар медиҳад.

Қолибоф гуфт, марзҳои ҷуғрофиёии муқовимат имрӯз на фақат то Ғазза, Санъо ва Бейрут, ки то Сидней, Берлин, Мадриду Лондон ва Амстердаму Торонто ва шаҳрҳо ва донишгоҳҳои Амрико аст ва анҷуманҳои бойкоти режими саҳюнистӣ дар дунё фарогир шуда ва новгони ҷаҳонии пурифтихори Сумуд, намоде аз фарогирии муқовимат дар кулли дунёст.

Раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон афзуд, Тӯфони Алақсо, на танҳо ҳайманаи Исроилро шикаст, балки ҷаҳонро ба сӯи амрикозудоӣ ва ҳимоят аз мазлӯмон ва шикасти комили пружаи одисозии равобит бо режими саҳюнӣ сӯқ(кашонд) дод. Маҷлиси Шӯрои исломӣ, ба намояндагӣ аз миллати зулмситези Эрон, бар ҳимояти ҳамаҷониба аз Фаластин таъкид мекунад ва аз маҷомеъи байналмилалӣ мехоҳад, ки ҷиноёти режими саҳюнистиро мавриди пайгарди қонӯнӣ қарор диҳанд.