Андешаҳои имом Хоманаӣ |Таҳримҳо мӯҷиби худкафоии Эрон шудааст
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i122300-Андешаҳои_имом_Хоманаӣ_Таҳримҳо_мӯҷиби_худкафоии_Эрон_шудааст
Порс Тудей - Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Инқилоби Исломӣ гуфтанд: Таҳримҳо мӯҷиб шуда, ки дар бисёре аз чизҳое, ки худкфоӣ надоштем, ба худкафоӣ бирасем.
(last modified 2025-10-09T03:24:59+00:00 )
Октябр 08, 2025 11:53 Asia/Dushanbe
  • Андешаҳои имом Хоманаӣ |Таҳримҳо мӯҷиби худкафоии Эрон шудааст

Порс Тудей - Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Инқилоби Исломӣ гуфтанд: Таҳримҳо мӯҷиб шуда, ки дар бисёре аз чизҳое, ки худкфоӣ надоштем, ба худкафоӣ бирасем.

Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз KHAMENEI.IR, ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Инқилоби Исломӣ дар яке аз дидорҳо бо аъзои ҳайати давлати Ҷумҳурии Исломии Эрон афзуданд: Онҳо гуфтанд, таҳримҳои ҳӯшманд ё таҳримҳои фалаҷкунанда; аммо мебинем, ки ин таҳримҳо на ончунон ҳӯшманд буд, на фалаҷкунанда буд. Хуб, ҳамин таҳримҳо мӯҷиб шуд, ки дар бисёре аз чизҳое, ки худкафоӣ надоштем, ба худкафоӣ бирасем; таҳарруки хуберо дар заминаҳои илмӣ ба вуҷӯд биоварем; корҳои бузургеро дар заминаи тавлидоти саноатӣ ва низомӣ ва ғайринизомӣ дар Эрон шоҳид бошем; ва ба роҳҳои гӯногӯне барои инки ин таҳримро хунсо кунем, бирасем.

Бархӯрдорӣ аз қудрати низомии мардумии худкафоии коромад

Имом Хоманаӣ ҳамчунин дар дидори неруҳои ҳозир дар манёври Зулфиқор таъкид карданд: Қудрати низомӣ барои кишваре, ки мавриди таҳдиди қудратҳост, яке аз воҷибтарин воҷибҳост. Имрӯз ин нуктаи махсӯси Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳам нест. Ҳамаи кишварҳое, ки мехоҳанд аз осеби дахолати қудратҳои бузург маҳфӯз бошанд, авлан бояд низомҳои сиёсии онҳо муттакӣ ба мардум бошад; сониян бояд аз қудрати низомии мардумии худкафоии коромад бархӯрдор бошанд; вале онҳо инро намехоҳанд.

Амрико дар таҳрими зидди Эрон шикаст хӯрд

Дар ҳамин ҳол, раҳбари Инқилоби Исломӣ дар дидори донишомӯзон ва донишҷӯён афзуданд: Амрико ҳадафаш аз таҳрим, фалаҷ кардан ва ақиб нигаҳи доштани Эрон буд. Таҳримро барои ин анҷом дод, ки балки иқтисодро фалаҷ кунад, кишварро фалаҷ кунад ва ақиб нигаҳ дорад; натиҷа чӣ шуда? Натиҷа ин шуда, ки ҳаракат ба самти худкафоӣ дар кишвар суръат гирифтааст. Мо одат карда будем, миллати Эрон дар тӯли солҳои мутамодӣ одат карда буд, ки ҳама чизро ворид кунад. Мо ҳоло ба баракати таҳримҳое, ки карданд, одат кардем, ки ҳама чизро аввал худамон биравем ба суроғи сохтан ва тавлид карданаш, мо чун таҳрим шудем, ба фикр афтодем ниёзҳоямонро худамон рафъ кунем. Пас таҳрим ҳам ба нафъи мо шуд, яъне Амрико дар ин сиёсат ҳам шикаст хӯрд. Бибинед; инҳо шикастҳои пайи дарпайи тарафи амрикоӣ аст.