Ҳамгароии дарёӣ дар Хазар; Эрон дар хатти муқаддами амнияти минтақаӣ
-
Ширкат адмирал Эронӣ дар нишасти фармондеҳони неруи дарёии кишварҳои соҳилии Дарёи Хазар
Порс Тудей - Фармондеҳи нерӯи дарёии Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки барои ширкат дар нишасти фармондеҳони неруи дарёии кишварҳои соҳилии Дарёи Хазар ба Русия сафар кардааст, дар ҳошияи ин иҷлос бо ҳамтоёни худ аз кишварҳои Ҷумҳурии Озарбойҷон, Қазоқистону Русия дидор кард.
Адмирал Шаҳроми Эронӣ, фармондеҳи неруи дарёии Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон, дар шаҳри Санкт Петербург бо нохудои якум Қулимуҳаммедов, фармондеҳи неруи дарёии артиши Ҷумҳурии Озарбойҷон дидору гуфтугу кард.
Ба гузориши порс Тудей, фармондеҳи неруи дарёии артиши Ҷумҳурии Озарбойҷон дар суханоне пас аз ин дидор, Эрону Ҷумҳурии Озарбойҷонро ду кишвари дӯст, бародару ҳамсоя унвон карду афзуд, ду кишвар ҳамкории танготанге дар ҳамаи заминаҳо доранд ва дар бораи масоили муртабит бо Дарёи Хазар низ ҳамоҳангии бисёр хубе байни ду кишвар вуҷӯд дорад.
Адмирал Эронӣ, ҳамчунин бо ҳамтои қазоқистонии худ роҳҳои иртиқои сатҳи кайфии ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ кард. Нохудоиякум Канат Ниязбеков, фармондеҳи неруи дарёии Қазоқистон, пас аз дидор бо ҳамтои эронии худ, гуфт, музокироти бисёр хубе доштем ва дар бораи нақшаи роҳи ҳамкориҳои оянда ба тавофуқоти муҳимме даст ёфтем.
Фармондеҳони неруи дарёии артиши Эрон, Русия, Қазоқистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон рӯзи сешанбе (7 октябр) дар нишасти муштараки худ низ ба изҳорот ва бархе таҳаррукоти қудратҳои фароминтақаӣ дар бораи масоили Дарёи Хазар, вокунише қотеъ нишон доданд.
Александр Моисеев, фармондеҳи неруи дарёии Русия гуфт, Дарёи Хазар, роҳе ба уқёнус ва обҳои озод надорад ва аз назари қавоиди байналмилалӣ, ғайр аз 5 кишвари соҳилӣ, ҳеҷ қудрати хориҷии дигаре ҳаққи дахолату изҳориназар дар бораи масоили ин дарёро надорад.
Адмирал Шаҳроми Эронӣ низ дар ин нишаст гуфт: Дарёи Хазар мутааллиқ ба панҷ кишвари соҳилии Дарёи Хазар аст ва иҷоза нахоҳем дод, ки аз берун кишваре бихоҳад барои ин дарё тасмим бигирад. Вай афзуд: Ҷумҳурии Исломии Эрон бо тамоми тавони худ дар рӯйдодҳои муртабит бо Дарёи Хазар бо ҳамгароии бисёр боло ҳузур пайдо хоҳад кард.
Неруи дарёии Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон, бавижа дар солҳои ахир, ҳузуре густарда, муваффақу таъсиргузор дар оброҳҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ доштааст. Тавони амалиётӣ ва фаннии болои неруи дарёии артиши Эрон, бо бархӯрдорӣ аз таҷҳизоти бумӣ, новгони мутанаввеъ ва таҷриба дар амалиёти дарёӣ, метавонад, нақши меҳварӣ дар омӯзиш, пуштибонӣ ва ҳамоҳангиҳои минтақаӣ ифо кунад. Мушорикати мустамари Эрон дар нишастҳои фармондеҳони дарёии кишварҳои соҳилии Хазар, нишондиҳандаи нақшофаринии фаъол дар таъйини қавоиди минтақаӣ аст.
Ҳамкориҳои амниятӣ метавонад заминасози ҳамкориҳои иқтисодӣ дар ҳавзаи шилот, энержӣ ва ҳамлу нақли дарёӣ бошад. Кишварҳои соҳилии Дарёи Хазар бо ташкили ҷабҳае ҳамоҳанг, метавонанд дар баробари таҳдидоти сойберӣ, терроризми дарёӣ ва қочоқи дарёӣ муқобилаи мустамаре дошта бошанд.
Ҳамкориҳои неруи дарёии Эрон бо кишварҳои соҳилии Дарёи Хазар, нақши калидӣ дар таъмини амнияти минтақа, муқобила бо мудохилоти хориҷӣ ва тақвияти ҳамгароии дифоӣ дорад. Ин ҳамкориҳо бистаре барои тавсеаи таомулоти низомӣ, иқтисодӣ ва зистмуҳитӣ миёни панҷ кишвари соҳилӣ фароҳам месозад.
Дарёи Хазар ба далели надоштани иртиботи мустақим бо обҳои озод, аз назари ҳуқуқи байналмилал танҳо мутаъаллиқ ба панҷ кишвари соҳилӣ аст. Фармондеҳони неруи дарёии Эрон, Русия, Қазоқистону Ҷумҳурии Озарбойҷон дар нишаст ахир таъкид карданд, ки ҳеҷ қудрати хориҷӣ ҳаққи дахолат дар умӯри ин дарёро надорад.
Ҳамкориҳои дуҷонибаи Эрон бо Ҷумҳурии Озарбойҷону Қазоқистон, аз ҷумла тавофуқ бар сари нақшаи роҳи ҳамкориҳои оянда, нишондиҳандаи ҳаракат ба сӯи сохторҳои амниятии муштараку ҳамоҳангӣ дар размоишҳо ва амалиёти дарёӣ аст. Размоишҳои муштараки дарёӣ ва барномарезӣ барои размоишҳои ҷадид бо мушорикати кишварҳои соҳилии Дарёи Хазар, низ нишондиҳандаи ирода барои тақвияти омодагии дифоӣ ва ҳамоҳангии амалиётӣ дар баробари таҳдидоти муштарак аст.
Ҳамкориҳои неруи дарёии Ҷумҳурии Исломии Эрон бо кишварҳои соҳилии Дарёи Хазар, бавижа Ҷумҳурии Озарбойҷон, Қазоқистону Русия, на танҳо як зарурати роҳбурдӣ, балки як фурсати торихӣ барои тақвияти амнияти минтақаӣ, муқобила бо мудохилоти хориҷӣ ва тавсеаи таъомулоти чандҷониба аст.