Ҳофиз ба одам умед медиҳад - мисли ҳамаи эрониҳо
-
Гизелла Варга Синоӣ, наққоши маҷористонӣ
Порс-Тудей. Гизелла Варга Синоӣ, наққоши маҷористонӣ, ки дилбастаи адабиёти форсӣ аст, баъд аз ним қарн зиндагӣ дар Эрон гуфт: Ба андозаи ҳамаи эрониён ва шояд бештар эронӣ шудаву Эронро дӯст дорад.
Гизелла Варга Синоӣ, ҳунарманди наққоше аст, ки беш аз панҷоҳ сол аз умри худро дар Эрон гузарондаву ҳоло он қадр бо фарҳангу мардуми ин сарзамин омехта шудааст, ки худаш мегӯяд: «Ба андозаи ҳамаи Шумо ва шояд бештар эронӣ шудаам”.
Ба гузориши “Порс-Тудей”, ба нақл аз хабаргузории “Меҳр”, Синоӣ мутаваллиди Маҷористон аст ва дар 22 солагӣ бо Хусрави Синоӣ, коргардону мусиқидони эронӣ издивоҷ кард ва ба Эрон омад. Ҳоло ки ҳаштодсола шуда, ҳанӯз бо ҳамон шӯру алоқа аз адабиёт, Ҳофиз ва пайвандҳои фарҳангӣ миёни Эрону Маҷористон сухан мегӯяд.


Адабиёт - меросе аз падар
Гизелла алоқааш ба китобу қиссаро аз падараш ба ирс бардааст. Ӯ мегӯяд: “Ман танҳо бачаи хонвода будаму падарам дар чопхона кор мекард. Китобҳое, ки қарор буд хамир шавандро ба хона меовард ва бароям мехонд. Адабиёт бароям мисли даво буд, махсусан дар даврони ҳукумати коммунистҳо. Падарам ҳамеша мегуфт: Мутолеа танҳо чизе аст, ки ҳеҷ кас наметавонад аз ту бигирад.
Девони Ҳофиз - шеърҳое пур аз умед
Гизелла аз таҷрибааш бо ашъори Ҳофиз мегӯяд: “Ҳофиз танҳо шоире аст, ки метавон бо шеърҳояш фол гирифт. Ашъораш пур аз умед ҳастанд. Барои ман аз назари мардумшиносӣ муҳим буд, ки бубинам мардум дар ҳама ҷои Эрон Ҳофизро дӯст доранд ва ба ӯ эҳтиром мегузоранд. Ин ишқ ба шеър, ин ҳама шеъри Ҳофиз хондан, миллати Эронро истисноӣ мекунад! Шерозиҳо ки дигар девонавор ошиқаш ҳастанд . . . Ман дар Эрон аз ин ҳам хушам меояд, ки ҳама доранд корашонро мекунанд”.
Ӯ намоишгоҳҳое бо мавзӯи “Фоли Ҳофиз” дар ҳафт шаҳри Эрон баргузор кардааст: Теҳрон, Исфаҳон, Шероз, Язд, Табрез, Моҳшаҳр ва Кошон. Вай дар ҳамин замина изҳор дошт: “Хеле хушшонс будам, ки дар урдибиҳишт дар Кошон будем, ҳама чиз бо гулобгирӣ ҳамзамон шуда буду фазои намоишгоҳ олӣ буд”.
Ҳофиз - бузургтарин самбулист
Барои Гизелла Ҳофиз на фақат як шоир, балки як самбулисти бузург аст. “Ин ҳама символ ва рамзҳоро дар шеърҳояш намешавад тарҷума кард. Бояд шеърҳояшро ба забони аслӣ хонд. Нубуғи Ҳофиз бароям падидае аст, ки чандсад сол пеш иттифоқ афтодааст”.
Ду хона, як дил
Китоби зиндагиномаи Гизелла дар Маҷористон бо унвони “Бандаи ишқаму аз ҳар ду ҷаҳон озодам” мунташир шудааст. Ӯ дар бораи пайвандаш бо Эрон ва Маҷористон мегӯяд: “Як бор касе аз ман пурсид, байни Эрону Маҷористон кадомро бештар дӯст дорӣ? Гуфтам: он қадр Эронро дӯст дорам, ки воқеан фикр мекунам, ки куҷо беҳтар аз инҷо, инҷо наққош шудам, инҷо бачадор шудам, панҷоҳупанҷ сол бо шавҳарам инҷо зиндагӣ кардам… алъон наметавонам дубора ҷои дигар биравам. Дар воқеъ, мисли парастуҳои муҳоҷир ҳастам. Агар ба Маҷористон наравам, дилам танг мешавад, вале вақте ба Эрон бармегардам ва ба фурудгоҳ мерасам, ингор ба хона расидаам.