Харозӣ: Ҷумҳурии Исломии Эрон аҳли музокира аст, аммо таҳмилро намепазирад
-
Харозӣ: Ҷумҳурии Исломии Эрон аҳли музокира аст, аммо таҳмилро намепазирад
Порс тудей- Раиси шурои роҳбурдии равобити хориҷии Ҷумуҳрии Исломии Эрон таъкид кард: Ҷумҳурии исломӣ аҳли музокира аст, аммо таҳмилро намепазирад.
Ба гузориши Порс тудей-Камоли Харрозӣ, раиси Шӯрои роҳбурдии равобити хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон, гуфт: Агар музокира бар пояи усулҳои мантиқӣ сурат бигирад ва ба шаъни Ҷумҳурии Исломӣ эҳтиром гузошта шавад, мо омодаги дорем музокира кунем ҳоло ҳам омодаги дорем музокира кунем ба шарте ин ки усули ҳоким бар музокирот риъоят шавад ва муроқиб бошем чизе бар мо таҳмил накунанд ва агар хостанд таҳмил кунанд дар баробари он истодаги кунем.
Камоли Харрозӣ дар мусоҳиба бо KHAMENEI.IR афзуд: Мо дар тули музокира иззати Ҷумҳурии Исломиро ҳамвора мадиназар доштем ҳеҷ тавофуқи накардем, ки муғоир бо иззати Ҷумҳурии Исломи бошад ва ҳамеша бар ҳаққи ғанисозии Эрон таъкид доштем, аммо дар айниҳол инъитофҳое ҳам дар музокира нишон дода шуд то битавонанд ба як натиҷа бирасанд бино бар ин таҷрубаи се асли иззат ҳукумат ва маслиҳат дар ин музокироти ҳастаӣ комилан қобили мушоҳида буд.
Хазарй кайд кард: Доналд Трамп раиси ҷумҳури Амрико дар рафти музокирот ба ҳамлаи низомӣ cap кард, ки ин муғоир бо усули музокирот аст ё аврупоиҳо таъаҳҳудоти худро иҷро накарданд ва дар ҳоле ки худашон ба хулосае омада буданд, ки Эрон бояд ғанисозии сифрро қабул кунад, онҳо ҳанӯз иддао мекарданд, ки онҳо бояд аз БАРҶОМ истифода кунанд ва механизми бозгаштро татбиқ кунанд. Инҳо ба усуле, ки дар адабиёти дипломатӣ баррасӣ мешаванд, мухолифанд.
Раиси Шӯрои роҳбурдии равобити хориҷӣ ва узви маҷмаъи ташхиси маслиҳати низоми Эрон сиёсати худитикоиро аз сиёсатҳои аслии Ҷумҳурии Исломии Эрон хонду таъкид кард: Ғанисозии урониюм барои кишвари мо як "ҳаққи мусалам" аст ва чизе нест, ки дигарон нодида бигиранд ва ё танҳо ба он такя кунанд; ин ба маслиҳати кишвар аст.
Харрозӣ дар хусуси пазируфтани оташбас таъкид кард: Фишори зиёде бар Исроил буд ва ҳамлаҳои мушакии мо муассир буд ва Исроил дар дохили сарзаминҳои ишғолшуда бо мушкилоти зиёде ру ба ру шуд. Пешбинй шуда буд, ки дар натичаи ҷанги дувоздахруза ба чанг бевосита кариб 2,4 миллиард доллар сарф шудааст, ки ин албатта хароҷоти бавосита ҳам дорад. Бинобар ин, ин фишорҳо ҳам фишори иктисодй ва ҳам фишори равонй дар худи сарзаминҳои ишғолшуда таъсирбахш буданд. Илова бар ин, амрикоиҳо намехостанд, ки ҷанг идома ёбад ва дар минтақа паҳн шавад ва бештар ҷалб шавад, зеро манфиатҳои онҳо инро талаб намекард. Бар ин асос тақозои оташбас карданд мо ҳам аз аввал гуфта будем агар онҳо назананд мо идома намедиҳем бино бар ин мо ҳам ҷангро мутавақиф кардем.