Устони Форс ; ҷое ки ҳунарҳои суннатӣ , фарҳангро бо иқтисод гиреҳ мезананд
-
Ҳунарҳи мардумии устони Форси Эрон
Порс тудей - Устони Форс дар ҷануби Эрон бо пешинаи ғанӣ , иқлими мутанаввиъ(гуногун) ва ҷамъияти пурҷунбуҷуш аз қавмҳои ашоирӣ ва рӯстоӣ , яке аз қутбҳои барҷастаи саноъати дасти(ҳунарҳои мардуми)и Эрон ба шумор меравад.
Ҳунарҳое чун қолибофӣ , гилему ҷоҷембофӣ ,нигоргарӣ , хотамкорӣ , мунаббаткор(кандакорӣ руи кошӣ)ӣ , суфолгарӣ , сабадбофӣ ва серамикасозӣ дар нуқоти мухталифи устони Форс дар ҷануби Эрон решаи амиқ доранд. Ба гузориши Порс тудей ба нақл аз Пресс ТВ , ин саноъатҳо на танҳо бозтобдиҳандаи ҳуввияти фарҳангии ҷомеъаҳои маҳаллаанд , балки ганҷинаи иқтисодӣ барои устону Эрон маҳсуб мешаванд .
Саноъати дастии Форс зарфияти онро доранд, ки ба рушди даромад миллӣ ва минтақаӣ кумак кунанд , ҷои кор эҷод намоянд , содиротро афзоиш диҳанд ва ҳамзамон мероси фарҳангии Эронро ҳифз кунанд.
Аз миёни 460 риштаи шинохташудаи саноеъи дастӣ дар ҷаҳон , 370 ришта дар Эрон фаъоланд ва танҳо устони Форс мизбони 120 ришта аз онҳост ; оморе ки нишондиҳандаи зарфияти азими ин устон аст.
Танаввуъи саноеъи дастии Форс аз суннатӣ то навоварона , арзиши зебоишинохтӣ ва тиҷории камназирро ироа медиҳад. Истифода аз нақши мояҳои бумӣ ва рангҳои илҳомгирифта аз табиат ҷаззобияти ин осорро дар бозорҳои ҷаҳонӣ дучандон кардааст.
Шинохта шудани ҷаҳонии ҳунарҳои фохири Форс
Дар соли 2019 шаҳри Шероз , маркази устони Форс аз сӯи Шӯрои ҷаҳонии саноеъи дастӣ ба унвони « шаҳри ҷаҳонии саноеъи дастӣ » муаррифӣ шуд . Шероз бо танаввуъи чашмгири ҳунарҳои суннатӣ монанди хотамкорӣ , мунаббаткорӣ , кошисозӣ , гилиму қолибофӣ , шишагарии суннатӣ ва сафолгарӣ шуҳрати ҷаҳонӣ дорад.
Ҳамчунин шаҳри Обода дар устони Форс , ба далели пешинаи торихӣ ва шумори зиёди ҳунармандону коргоҳҳои фаъол дар заминаи мунаббаткорӣ , дар соли 2018 ба унвон « шаҳри ҷаҳонии мунаббати корӣ » шинохта шуд .
Ҳунармандони Обода бо истифода аз чӯбҳои марғӯби чормағз,нок, осори зебое чун мебил , панилҳои тазъинӣ , сандуқчаҳои ҳунарӣ ва зарфҳои чубӣ тавлид мекунанд, ки ҳам ҷанбаи корбурдӣ доранд ва ҳам ҷилваи ҳунарӣ .
Ифтихори ҷаҳонӣ барои ҳунарҳои суннатии Форс
Осори зарифу ҳунармандонаи санъатгарони Форс ҳатто дар музейҳои муътабари ҷаҳонӣ монанди музеи Виктория ва Алберти Лондон ба намоиш гузошта шудаанд.
Фаротар аз ду шаҳри ҷаҳонии Шерозу Обода , устони Форси дорои чаҳор шаҳру рӯстои сабтшудаи миллӣ дар заминаи саноеъи дастӣ аст, ки дар риштаҳое монанди порчабофии суннатӣ , гевадузӣ , сабадбофӣ ва рундбофӣ тахассус доранд.
Ин сабтҳои миллӣ заминасози шуғли бештар, афзоиш даромад , тавсеаи содироту равнақи гардишгарии фарҳангӣ дар минтақа шудаанд .Устони Форс ҳамчунин муваффақ ба дарёфти « Нишони бартари ЮНЕСКО дар саноеъи дастӣ » шудааст ; ифтихори муътабар, ки нишондиҳандаи маҳорат , халлоқият ва асолати фарҳангии ҳунармандони ин хитта аст.
Идораи кулли мероси фарҳангӣ , гардишгарӣ ва саноеъи дастии Форс ахиран эълом кард, ки се ҳунарманди бумӣ Саҳарнози Лутфӣ ( мунаббаткорӣ ) , Карими Озаргашт ( созсозии суннатӣ ) ва Нозими Муҳаммадии Кашкулӣ ( гилимбофӣ ) муваффақ ба дарёфти нишони байналмилалии ЮНЕСКО шуданд.
Байни солҳои 2021 то 2023 , ҳунармандони Форс дар маҷмӯъ 23 нишони ЮНЕСКО дарёфт кардаанд ; ифтихоре ки ҷойгоҳи ҷаҳонии ин устонро тасбит карда ва ба муаррифии маҳсулоти он дар бозорҳои байналмилалӣ кумаки шоёнӣ кардааст.
Ин ҷоизаҳо на танҳо арзиши ҳунарии саноеъи дастии Форсро таъид мекунанд , балки нишон медиҳанд, ки ин осор бо усули тавлиди пойдору асил низ ҳамросто ҳастанд.
Содироту иштиғол ; нақши саноеъи дастии Форс дар иқтисоди ғайринафтӣ
Бар асоси эъломи Идораи кулли мероси фарҳангӣ , гардишгарӣ ва саноеъи дастии Форс содироти саноеъи дастӣ ва зеваролоти суннатии ин устон байни солҳои 2021 то 2023 ба рақами чашмгири 3 . 7 миллион доллар расид . Кишварҳои мақсади ин содирот шомили Қатар , Италия , Олмон ва Русия буданд.
Дар ҳашт моҳи нахусти соли 2024 низ устони Форси муваффақ ба содироти 587 ҳазору 243 доллар саноеъи дастӣ шуд ва ҳамзамон 1500 ҷои кори нав дар ин ҳавза эҷод гардид .
Ин омор нишон медиҳад ки ҳунарҳои суннатӣ на танҳо дар ҳифзи фарҳангу ҳувияти маҳаллӣ нақш доранд , балки ба унвони муҳаррикии муассир дар тақвияти маишати мардуму тавсеаи иқтисоди ғайринафтии кишвар низ амал мекунанд .
Ифтихори Форс ; фаршҳои қашқоӣ ва мероси бофташуда
Дар миёни саноеъи дастии машҳури устони Форс , фаршҳои ашойири қашқоӣ ҷойгоҳи вижае доранд ; фаршҳое, ки бо нақшҳои ҳандасӣ , рангҳои ҷасурона ва тарроҳиҳои мутавозин шӯҳрати ҷаҳонӣ ёфтаанд .
Марказҳои аслии тавлиди ин фаршҳо шомили Шероз , Обода , Фирӯзобод ва Найрез ҳастанд.
Дар суннати қашқоӣ мардон вазифаи чидани пашм ва сохти дори қолиро бар ӯҳда доранд , дар ҳоле ки занон ресандагии нах , интихоби рангҳои табиӣ монанди рунос , нил ва пӯсти анор ва низ бофти фаршҳо бидӯни ҳеҷ нақшаи аз пеш тарроҳишударо анҷом медиҳанд.
Ҳар фарш асари бемисл аст ва ин ҳунар насл ба насл аз модарон ба духтарон мунтақил мешавад. Нақшҳои ин фаршҳо ағлаб бозтобе аз зиндагии кӯчнишинӣ ва намодҳои фарҳангӣ ҳастанд ; ба гӯнае ки ҳар фарш , достони бофташуда аз дили фарҳанг ва табиат аст .
Фарши қашқоӣ ; нигинии дурахшон аз Форс то музейҳои ҷаҳонӣ
Дар миёни навъҳои гуногуни фаршҳои қашқоӣ , фарши кашкулӣ ҷойгоҳи вижае дорад . Шӯҳрати ин фаршҳо фаротар аз марзҳои Эрон рафтааст . Барои намӯна мебели мушовараи Зигмунд Фрайд бо яке аз ҳамин фаршҳо пӯшонда шуда буд.
Имрӯза фаршҳои қашқоӣ дар музейҳои муътабари ҷаҳонӣ монанди Армитажи Русия, Виктория ва Алберти Лондон , муассисаи ҳунари Чикаго , музеи Митрополитани Нию-Йорк ва музеии миллии фарши Эрон нигаҳдорӣ мешаванд .Дар соли 2010 « маҳоратҳои суннатии фаршбофӣ дар Форс » дар феҳристи мероси фарҳангии маънавии ЮНЕСКО сабт шуд ; ифтихоре ки на танҳо маҳорати фаннии бофандагони маҳаллиро ба расмият шинохт , балки умқи фарҳангии нуҳуфта дар ҳар асари дастибофро низ барҷаста кард .
Бар асоси гузориши Созмони саноъат , маъдан ва тиҷорати Форс 20 дарсади фаршҳои дастбофи Эрон тавассути 174 ҳазор ҳунарманд дар ин устон тавлид мешавад ва 80 дарсади ин фаршҳо содир мегирданд.
Бозори Вакили Шероз ба унвони яке аз қадимитарин марказҳои додуситади Эрон , ҳамчунон қутби аслии ин ҳунари пурравнақ ба шумор меравад.
Дар канори фарш , гилем , ҷоҷем ва ғайра низ дар саросари устон, ба вижа дар манотиқи рӯстоӣ ва ашойирӣ бофта мешаванд . Ҳатто зиннатиҳои кучак низ роҳи худро ба бозорҳои содиротӣ боз кардаанд .
Саноъати дастии Форс , ба вижаи фарш , гилем мансуҷоти суннатӣ , на танҳо ганҷинаҳои ҳунарианд , балки дороиҳои иқтисодии ҳаётӣ низ ҳисоб мешаванд .
Оморҳои содиротии ахир нишон медиҳанд, ки бо вуҷуди фишорҳои хориҷӣ монанди таҳримҳои якҷониба , ин устон ҳамчунон дар ҳоли тавлиди арзи хориҷӣ , ҳифзи иштиғол ва густариши ҳузури байналмилалӣ аст.
Коршиносон муътақиданд агар тавсеаи ин ҳавза бо роҳбурдҳои дуруст , монанди афзоиши сифат , тарроҳии навоварона , брендсозӣ , бозорёбии рақамӣ ва сиёсатҳои ҳимоятӣ идома ёбад , содироти саноеъи дастии Форс метавонад рушди чашмгире дошта бошад ва таъсири мусбати худро бар иқтисоди маҳаллӣ ва миллӣ амиқтар кунад.