Август 03, 2016 14:18 Asia/Dushanbe
  • Соате як миллион доллар даромади арзии Эрон аз гардишгарӣ

Эрон аз ибтидои соли 1395-и шамсӣ, 2 миллиарду 850 миллион доллар арз аз вуруди гардишгарони хориҷӣ ба даст оварда, ки гуёи даромади мутавассити рӯзона 23 миллион доллар барои гардишгарии Эрон аст.

Раиси Созмони тавсеаи тиҷорати Эрон эълом кард: Эрон дар 4 моҳи нахусти имсол аз гардишгарӣ соате як миллион доллар даромад касб кардааст.

Ба иттилои Presstv, Валиуллоҳи Афхамӣ, раиси Созмони тавсеаи тиҷорати Эрон гуфт: Аз ибтидои соли 1395-и шамсӣ, 2 миллиарду 850 миллион доллари арз аз вуруди гардишгарони хориҷӣ ба Эрон ба даст омада, ки бо ин ҳисоб Теҳрон ба ду севвум аз аҳдофи барномаҳои худ дар заминаи ҷазби гардишгари хориҷӣ расидааст.

Валиуллоҳи Афхамӣ афзуд: 2 миллиарду 850 миллион доллар гуёи даромади мутавассити рӯзона 23 миллион доллар барои гардишгарии Эрон аст.

Раиси Созмони тавсеаи тиҷорати Эрон тасреҳ кард: Қарор буд, дар ин муддат даромади арзии ҳосил аз гардишгарии Эрон беш аз чаҳор миллиард доллар бошад.

Ҷумҳурии исломии Эрон бо вижагиҳои мунҳасир ба фарде ҳамчун торихи куҳан, фарҳанги ғанӣ, мавқеияти хоси ҷуғрофиёӣ, ҷозибаҳои табиӣ монанди кӯҳҳои сар ба фалак кашида, ғорҳои шигифтангез, дарёчаҳои зебо ва ҳатто кавирҳои пур рамзу роз, сарзамине чаҳор фасл буда, ки таҳсини гардишгарони хориҷиро барангехааст.

Барчасп