Бадрақаи оқои шаҳиди Эрон/ Дарҳои Мусаллои Теҳрон боз шуд
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i125070-Бадрақаи_оқои_шаҳиди_Эрон_Дарҳои_Мусаллои_Теҳрон_боз_шуд
Порс Тудей- ойини видоъ бо раҳбари шаҳиди инқилоб бо ҳузури милионии азодорон дар маҳали Мусалои Теҳрон ва хиёбонҳои атроф оғоз шуд.
(last modified 2026-07-04T09:09:54+00:00 )
Июл 04, 2026 13:58 Asia/Dushanbe
  • Бадрақаи оқои шаҳиди Эрон/ Дарҳои Мусаллои Теҳрон боз шуд
    Бадрақаи оқои шаҳиди Эрон/ Дарҳои Мусаллои Теҳрон боз шуд

Порс Тудей- ойини видоъ бо раҳбари шаҳиди инқилоб бо ҳузури милионии азодорон дар маҳали Мусалои Теҳрон ва хиёбонҳои атроф оғоз шуд.

Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз ИРНА ойини видоъ бо муҷоҳиди шаҳид ҳазрати оятуллоҳ Сайид Алии Хоманаӣ(р)ва хонаводаи ишон аз субҳи имруз шанбе 13 тирмоҳи соли 1405 бо ҳузури мардуми азодор дар Мусалои Теҳрон оғоз шуд.

Бар асоси эъломи ситоди бузургдошти уруҷи хунини имоми муҷоҳид шаҳид ҳазрати оятуллоҳи узмо Хоманаӣ қадасаллоҳ нафса закия маросими видоъ, ташиъ, иқомаи намози майят ва тадфини барои рузҳои шанбеш 13 ва якшанбе 14 тирмоҳи соли 1405 мусодиф бо 19 ва 20 моҳи муҳарам ҷиҳати видоъ бо пайкарҳо дар Мусалои имом Хумайнӣ Теҳрон сипас душанбе 15 тирмоҳ соли 1405 маросими ташиъ дар Теҳрон ва сешанбе 16 тирмоҳ 1405 маросими ташиъ дар Қум ва ниҳоятан панҷшанбе 18 тирмоҳ 1405 мусодиф бо 24 моҳи муҳарам маросими ташиъ дар шаҳри Машҳад ва тадфин дар ҳарами мутаҳҳари имом Ризо(а) барномарези шуда аст.

Дар ҳамин ҳол низ қарор аст маросими барои видоъ ва ташиъи раҳбари шаҳиди инқилоб рузи чаҳоршанбе 17 тирмоҳ дар шаҳрҳои Наҷаф ва Карбало баргузор шавад.

Рузи гузашта ҷумъа 12 тирмоҳ маросими адои эҳтироми расмии сарон, мақомот ва бузургони адён ва мазоҳиби кишварҳои мухталифи ҷаҳон дар Теҳрон баргузор шуд.