Исҳоқи Абдуллоҳӣ, қории эронӣ нафари аввали мусобиқоти байналмилалии Қуръони Русия шуд
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i122504-Исҳоқи_Абдуллоҳӣ_қории_эронӣ_нафари_аввали_мусобиқоти_байналмилалии_Қуръони_Русия_шуд
Порс-Тудей. Қории мумтози эронӣ аз устони Қум (маркази Эрон) муваффақ шуд, ки дар бистусавумин давраи мусобиқоти байналмилалии Қуръони Карими Русия рутбаи нахустро касб кунад.
(last modified 2025-10-22T06:30:24+00:00 )
Октябр 20, 2025 20:41 Asia/Dushanbe
  • Исҳоқи Абдуллоҳӣ, қории  эронӣ
    Исҳоқи Абдуллоҳӣ, қории эронӣ

Порс-Тудей. Қории мумтози эронӣ аз устони Қум (маркази Эрон) муваффақ шуд, ки дар бистусавумин давраи мусобиқоти байналмилалии Қуръони Карими Русия рутбаи нахустро касб кунад.

Ба гузориши “Порс-Тудей”, ба нақл аз хабаргузории “Шабистон”, Исҳоқи Абдуллоҳӣ, қории мумтози эронӣ аз устони Қум ва қориву муаззини ҳарами ҳазрати Маъсума (с) ва масҷиди Ҷамкарон, ки аз сӯи Кумитаи эъзому даъват аз қориён барои ҳузур дар ин рақобати ҷаҳонӣ эъзом шуда буд, муваффақ ба касби рутбаи нахусти ин давра аз мусобиқаҳо дар риштаи қироати Қуръони Карим шуд.

Ин мусобиқот аз 15 то 18 октябри 2025 (23 то 26 меҳрмоҳ) бо ҳузури намояндагони 30 кишвари ҷаҳон дар шаҳри Маскав, пойтахти Русия баргузор шуд.

Абдуллоҳӣ сатҳи кайфии мусобиқоту диққати довариҳоро бисёр боло тавсиф карду гуфт: Бо вуҷуди сахтгириҳои доварон хушҳолам, ки тавонистам дар рақобат бо қориёни қудратманди кишварҳои Индонезия, Малайзия ва Лубнон, рутбаи аввалро касб кунам.

Исҳоқи Абдуллоҳӣ, муаллими Қуръон ва дорои рутбаи аввали мусобиқаҳои кишварии Басиҷу Ҳилоли Аҳмар аст. Вай ҳамчунин ба унвони намояндаи остони муқаддаси ҳазрати Маъсума (с) рутбаи чаҳоруми риштаи қироати таҳқиқро дар сеюмин давраи мусобиқаи байналмилалии Қуръони Карими ҷоизаи Карбало ба даст овардааст.