Аҳамияти рӯзафзуни Эрон дар мубориза бо терроризм
-
Эрон ва Созмони Ҳамкории Шанхай
Порс-Тудей. Размоиши муштараки зиддитероризми Созмони Ҳамкории Шанхай дар Эрон баргузор мешавад.
Ба гузориши “Порс-Тудей”, Уларбек Шаршеев, мудири Кумитаи иҷроии сохтори минтақаии зидди терроризми Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) эълом кард, ки размоиши муштараки зидди терроризми кишварҳои узви ин созмон қарор аст чаҳоруми декабр (13 озари 1404) дар Ҷумҳурии исломии Эрон баргузор шавад. Ин размоиш бо унвони “Саҳанд – зидди терроризм – 2025” дар наздикии Табрез, дар Эрон баргузор хоҳад шуд.
Шаршеев афзуд, даъватномаҳову барномаи ин размоиш ба зудӣ барои ширкаткунандагону нозирони ин размоиш ирсол хоҳад шуд. Эрон, Русия, Беларус, Чин, Ҳинд, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Тоҷикистон ва Узбакистон аъзои ин созмон ҳастанд.
Созмони Ҳамкории Шанхай - созмоне байнидавлатӣ аст, ки барои ҳамкориҳои чандҷонибаи амниятӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ ташкил шудааст. Ин созмон дар соли 1996 тавассути сарони Чин, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон бо ҳадафи муқобила бо терроризм ва ҷароими фаромарзӣ поягузорӣ шуд. Андаке баъд Узбакистон ҳам ба ин созмон пайваст ва ин созмон ба таври расмӣ ба Созмони Ҳамкории Шанхай тағйири ном дод. Созмони Ҳамкории Шанхай, ки дар ибтидо сипаре дар баробари нуфузи Амрико дар Осиёи Марказӣ ангошта мешуд, бо изофа шудани Ҳинду Покистон дар соли 2017, Эрон дар соли 2023 ва Беларус дар соли 2024 густариш пайдо карда ва ба тадриҷ доманаи фаъолиятҳои он низ густариш ёфтааст.
Созмони Ҳамкории Шанхай аз ибтидо бар асоси рӯйкарде амниятӣ ва асосан барои муқобила бо терроризму ифротгароӣ, ҷароими созмонёфта ва мубориза бо маводи мухаддир, бо тавваҷуҳ ба чашмандози афзоиши ин гуна иқдомот дар қаламрави кишварҳои узв, аз Русия гирифта то кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин шакл гирифтааст. Акнун бо узвияти Эрон дар СҲШ ва мизбонӣ аз размоиши зидди терроризми ин созмон, нақши Эрон дар ин замина ҳарчӣ пуррангтар хоҳад шуд. Теҳрон метавонад таҷрибиёти гаронбаҳои худ дар амри мубориза бо терроризму ифротгароиро дар ихтиёри кишварҳои узви ин созмон бигузорад.
Падидаи терроризм яке аз чолишҳои аслии амниятӣ дар ҷаҳони муосир аст, ки на танҳо ҷони инсонҳоро таҳдид мекунад, балки суботи сиёсиву иқтисодии кишварҳоро низ таҳти таъсир қарор медиҳад. Эрон ба унвони кишваре бо мавқеияти геополитикии ҳассос, ҳамвора дар маърази таҳдидоти террористӣ буда ва дар айни ҳол талош карда то бо ин падида муқобила кунад.
Эрон яке аз бозигарони калидӣ дар мубориза бо терроризм дар минтақаи Ғарби Осиё аст, ки бо иқдомоти низомӣ, дипломатӣ ва иттилоотӣ ва бо иттихози роҳбурдҳои чандҷониба дар сатҳи минтақаӣ ва байналмилалӣ, нақши муҳиме дар мубориза бо терроризм ифо кардааст. Ҳарчанд чолишҳое дар масири ин мубориза вуҷуд дорад, аммо иқдомоти Эрон дар коҳиши таҳдидоти террористӣ ва ҳифзи амнияти минтақаӣ ва миллӣ қобили тавваҷуҳ ва муассир будаанд.
Эрон дар солҳои ахир нақши фаъоле дар мубориза бо гуруҳҳои террористӣ, ба хусус ДИИШ дар Ироқу Сурия ифо кардааст. Ҳимоят аз давлатҳои қонунӣ дар Ироқу Сурия, эъзоми мусташорони низомӣ ва ҳамкории иттилоотӣ бо кишварҳои минтақа, аз ҷумлаи иқдомоти муҳими Эрон дар ин замина будаанд.
Ба хусус дар сатҳи минтақаӣ Ҷумҳурии исломии Эрон пештози мубориза бо терроризму ифротгароӣ буда ва аз замони шаклгирӣ ва густариши амалиёти гуруҳҳои террористӣ дар Сурия ва сипас Ироқ, ҳамкории густардае бо давлатҳои ин ду кишвар дар заминаи муқобила бо террористҳои такфирӣ ва нобудии онҳо дар ин ду кишвар доштааст. Ин иқдомот на танҳо ба коҳиши таҳдидоти террористӣ дар минтақа кумак кард, балки аз густариши ноамнӣ ба марзҳои Эрон низ ҷилавгирӣ намуд.
Эрон дар арсаи байналмилалӣ низ талошҳое барои муқобила бо терроризм анҷом додааст. Ҳимоят аз Қатъномаи 1373-и Шӯрои Амнияти СММ, ки пас аз ҳамалоти 11 сентябр тасвиб шуд, намунае аз ин ҳамкориҳост. Эрон ҳамчунин дар нишастҳои минтақаӣ ва байналмилалии муртабит бо амнияту мубориза бо терроризм ҳузури фаъол дошта ва бар лузуми муқобила бо стандартҳои дугона дар таърифи терроризм таъкид кардааст.
Мубориза бо терроризм таъсири мустақиме бар амнияти миллии Эрон доштааст. Коҳиши таҳдидоти марзӣ, афзоиши тавони дифоӣ ва тақвияти инсиҷоми дохилӣ, аз ҷумлаи натоиҷи ин мубориза будаанд. Эрон ҳамчунин тавониста бо тақвияти ниҳодҳои амниятиву иттилоотӣ, омодагии худро дар баробари таҳдидоти эҳтимолӣ афзоиш диҳад. Акнун бо баргузории размоиши зидди терроризми Созмони Ҳамкории Шанхай дар Эрон, гоми дигаре дар масири амниятофаринӣ дар сатҳи минтақаӣ дар Осиё ва ҳавзаи кишварҳои ИДМ (CIS) бардошта хоҳад шуд.