Январ 21, 2017 12:14 Asia/Dushanbe
  • Хориҷ кардани пайкари ду оташнишон аз зери харобаҳои “Пласко”

Саранҷом, бо гузашти беш аз 40 соат аз ҳодисаи оташсӯзӣ дар сохтмони “Палско”-и Теҳрон пайкари ду тан аз оташнишонони ҷонбохта аз зери харобаҳои ин сохтмон хориҷ шуд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, Ҷалоли Маликӣ, сухангӯи Созмони оташнишонӣ ва хадамоти эминии шаҳрдории Теҳрон гуфт, нерӯҳои имдодгар амалиёти ҷустуҷӯи бақияи оташнишонон ва афроди дигареро, ки эҳтимол дорад, зери харобаҳо монда бошанд, дар дастури кор додаанд.

Эълом шудааст, дастикам 20 оташнишон дар зери харобаҳои сохтмони тахрибшудаи “Пласко” ҳастанд.

Сухангӯи Созмони оташнишонӣ ва хадамоти эминии шаҳрдории Теҳрон пеш аз ин гуфта буд, бо таваҷҷуҳ ба ҳаҷми зиёди харобаҳои сохтмони тахрибшудаи “Пласко”, шӯълаҳои нуҳуфта ва ҳарорати зиёд наметавон интизор дошт, касе аз зери харобаҳо зинда хориҷ шавад. Дар ҳамин ҳол, Маркази фавриятҳои пизишкии Теҳрон охирин омори осебдидагони ҳодисаи оташсӯзӣ ва тахриби сохтмони “Пласко”-ро 114 нафар эълом кард, ки 74 нафари онҳо ба далели доштани захмҳои сабук аз бемористон мураххас шуда, 37 нафари дигарашон ба марказҳои табобатӣ интиқол ёфтаанд. Ҳамчунин яке аз оташнишонон ба иллати шиддати ҷароҳатҳои вазнин дар бемористон ҷон бохтааст.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон субҳи имрӯз, шанбе, дар боздид аз маҳалли резиши сохтмони “Пласко” зимни ибрози таассуф аз ин ҳодиса ба идомаи бартараф кардани харобаҳо ба манзури хориҷ кардани афроде, ки зери харобаҳо мондаанд, таъкид кард.