Нимаафрошта шудани парчами сафорату консулгариҳои Эрон дар хориҷ
(last modified 2017-01-21T08:51:34+00:00 )
Январ 21, 2017 13:51 Asia/Dushanbe
  • Нимаафрошта шудани парчами сафорату консулгариҳои Эрон дар хориҷ

Дар пайи ҳодисаи дилхароши “Пласко” дар Теҳрон ва ҳамзамон бо азои умумӣ дар Эрон парчами сафорату консулгариҳои Эрон дар хориҷ аз кишвар имрӯз нимаафрошта шуданд.

Баҳроми Қосимӣ, сухангӯи Вазорати хориҷии Эрон гуфт, ҳамчунин бо таваҷҷуҳ ба ибрози ҳамдардии мақомот ва шаҳрвандони бисёре аз кишварҳо дафтари ёдбуди қурбониёни ин ҳодисаи таассуфангез низ дар сафорату консулгариҳои Эрон дар кишварҳои мухталиф гушуда хоҳад шуд.

Пеш аз ин бархе мақомоти кишварҳои мухталиф дар паёмҳое ба ҳукумату миллати Эрон ҳодисаи “Пласко” -ро таслият гуфта буданд.

Дар пайи фурӯ рехтани сохтмони “Пласко” дар Теҳрон ва ҷон бохтани теъдоде аз маъмурони оташнишонӣ ҳайати Ҳукумати Эрон бо судури иттилоияе имрӯзро Рӯзи азои умумӣ эълом кард.

Сохтмони тиҷории “Пласко” дар Теҳрон ҳудуди соати ҳашти субҳи рӯзи панҷшанбе, 19 январ дучори оташсӯзӣ шуд, ки пас аз ҳудуди се соат ин сохтмони 15-табақа ба таври комил тахриб шуда фурӯ рехт. Ин ҳодиса замоне рух дод, ки теъдоде аз оташнишонон барои хомӯш кардани оташ ба дохили сохтмон рафта буданд ва дар пайи фурӯ рехтани бино зери харобаҳои он монданд. То кунун пайкари ду оташнишони ҷонбохтаи ин ҳодиса аз зери харобаҳо берун оварда шудааст.