Баёноти имом Хоманаӣ| Миллати Эрон маҳол аст таслими зӯргӯиҳои Амрико шавад
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i123024-Баёноти_имом_Хоманаӣ_Миллати_Эрон_маҳол_аст_таслими_зӯргӯиҳои_Амрико_шавад
Порс-Тудей: Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари инқилоби исломӣ, ҳадаф аз таҳримҳои Амрико ва кишварҳои аврупоиро, пайравӣ кардани Эрон аз сиёсатҳои онҳо донистанд.
(last modified 2025-11-21T07:59:58+00:00 )
Ноябр 21, 2025 12:25 Asia/Dushanbe
  • Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари инқилоби исломӣ
    Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари инқилоби исломӣ

Порс-Тудей: Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари инқилоби исломӣ, ҳадаф аз таҳримҳои Амрико ва кишварҳои аврупоиро, пайравӣ кардани Эрон аз сиёсатҳои онҳо донистанд.

Ба гузориши “Порс-Тудей”, ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари инқилоби исломӣ дар панҷуми урдибиҳишти соли 1403-и ҳиҷрии шамсӣ дар дидори коргарон бо эшон гуфтанд: Мо солҳост бо таҳримҳои шадид мувоҷеҳем, таҳримҳое, ки худи таҳримкунандаҳо, яъне умдатан амрикоиҳо ва ба пайравӣ аз онҳо баъзе аз аврупоиҳо гуфтанд, ин таҳримҳое ки нисбат ба Эрон анҷом гирифтааст, дар таърих бесобиқа аст! Худашон гуфтанд. Хуб, аввалан ҳадаф аз ин таҳримҳо чист? Онҳо як ҳадаферо зикр мекунанд, вале дурӯғ мегӯянд; ҳадаф инҳо нест. Баҳси энержии ҳастаӣ, силоҳи ҳастаӣ ва ҳуқуқи башарро матраҳ мекунанд. Масъала инҳо нест. Мегӯянд, мо Эронро таҳрим мекунем, ба хотири инки аз терроризм ҳимоят мекунад! «Терроризм» кист? Мардуми Ғазза?! Мардуми ғазза аз назари он ҳазарот террористанд! Як давлати хабиси ҷаълии ғосиби бераҳме дар зарфи шаш моҳ наздики чиҳил ҳазор одамро, ки чанд ҳазор нафарашон кӯдаканд, ба қатл мерасонад, қатли ом мекунад, аммо ӯ террорист нест ва он мардуме ки зери бомбаборони ӯ ҳастанд, террористанд! Пас ин баҳонаҳо, баҳонаҳои дурӯғин аст. Ҳадаф аз таҳрим ин масоил нест. Ҳадаф аз таҳрим дар тангно гузоштани Эрони исломӣ аст. Мехоҳанд Ҷумҳурии исломии Эронро бо таҳрим дар тангно бигузоранд, ки чӣ бишавад? Ки аз хутути истеъморӣ ва истикбории онҳо табаият кунад, таслими хостаҳои зӯрмдоронаву таваққуоти қудратталабонаи онҳо бишавад, сиёсатҳояшро тобеи сиёсатҳои онҳо бикунад, ҳадаф ин аст.

Раҳбари инқилоби исломӣ афзуданд: Дар заминаҳои сиёсӣ, дар заминаҳои иқтисодӣ, дар тадобири куллии кишвар онҳо табаияти маҳз мехоҳанд. Мегӯянд, аслан дар муқобили мо таслим бишавед, ҳамон вазъе ки баъзе аз давлатҳо доранд, ки мебинед, медонед; сарваташон дар ихтиёри онҳо, обрӯяшон дар дасти онҳо, сиёсаташон дунболаравӣ аз онҳо. Онҳо инро мехоҳанд. Хуб маълум аст, ки низоми исломӣ, ғайрати исломӣ, миллати бузургу бособиқаи исломӣ маҳол аст, ки таслими як чунин зӯргӯе бишавад.

Имом Хоманаӣ хотирнишон карданд: Таҳримҳо муҷиби шукӯфоии истеъдодҳо дар даруни кишвар мешавад, ҳамин таҳримҳо муҷиби бурузи зарфиятҳои кишвар мешавад. Мо имрӯз бисёре аз чизҳоеро, ки маҷбур будем бо ҳазинаи газоф аз давлатҳои хориҷӣ, баъзеашон душман таҳия кунем ва ворид кунем, дар дохили кишвар месозем. Чаро? Ба хотири инки маҷбур шудем, онҳо ба мо нафурӯхтанд, онҳо роҳро бастанд, мо ба худамон муроҷиа кардем, дар даруни худамон рушд кардем. Ҷавони мо ва донишманди мо тавонист он василаеро, ки онҳо бо миннат ва бо қимати гарон ба мо мефурӯхтанд, бо қимати арзон дар дохил тавлид кунад. Як миллати зинда ин тавр аст, як миллати зинда аз душмании душман ҳам барои худаш фурсат дуруст мекунад.

 

Таҳримҳо метавонад барои мо фурсат бошад

Дар ҳамин ҳол Раҳбари инқилоби исломӣ дар даҳуми баҳмани соли 1402 дар дидори тавлидкунандагону фаъолони иқтисодӣ гуфтанд: Мо албатта, мушкилоти хориҷӣ дорем, таҳрим дорем, душманиҳои гуногун дорем, аммо ҳаминҳо ҳам метавонад барои мо фурсат бишавад.

Имом Хоманаӣ хотирнишон карданд: Агарчӣ таҳрим зарбазананда аст ва бидуни тардид мушкил дурусткун аст, аммо аз он ба унвони як фурсат ҳам мешавад истифода кард; ҳамин тавр ки ҷавонҳову фаъолони иқтисодии мо дар як ҷоҳое истифода карданду пешрафти илмӣ пайдо кардем. Агар ба мо силоҳ мефурухтанд, мо имрӯз дар боби таслеҳот ба ин ҷое ки расидаем, намерасидем. Таҳрим муҷиб шуд, ки мо битавонем ин корҳоро анҷом бидиҳем. ИншоАллоҳ битавонем аз ин фурсатҳо рӯз ба рӯз ва беш аз пеш истифода кунем.