Санадҳои роҳбурдии Эрон бо Чину Русия - роҳе барои хунсосозии фишорҳои Ғарб
-
Санадҳои роҳбурдии Эрон бо Чину Русия - роҳе барои хунсосозии фишорҳои Ғарб
Порс-Тудей. Ду тавофуқи баландмуддати Эрон бо Чину Русия, ба унвони ду бозигари муҳим дар низоми байналмилал, зарфияти муҳиме барои коҳиши фишорҳои таҳримии Ғарб ва густариши ҳамкориҳои иқтисодиву роҳбурдии Теҳрон фароҳам кардааст. Амре, ки танҳо бо ҳамоҳангии ҳамаи дастгоҳҳо қобили таҳаққуқ хоҳад буд.
Имзои ду санади баландмуддати ҳамкорӣ байни Эрону Чин (25 сола) ва Эрону Русия (20 сола), нуқтаи атфе дар дипломатияи иқтисодӣ ва роҳбурдии Ҷумҳурии исломӣ маҳсуб мешавад. Ба вижа дар шароите ки Ғарб ҳамчунон бар абзори таҳрим ба унвони аслитарин роҳбурди фишор алайҳи Эрон такя дорад.
Ба гузориши “Порс-Тудей”, ба нақл аз ИРНА, асноди ҳамкории Эрон бо Чину Русия метавонад шабакае аз зарфиятҳои иқтисодӣ, энержӣ, ҳамлунақл ва фанновариро фаъол кардаву бахши муҳиме аз маҳдудиятҳои таҳримиро хунсо кунанд.
Санади ҷомеъи ҳамкории Эрону Чин, ки ибтидо дар сафари Си Ҷинпинг ба Теҳрон дар соли 2015 матраҳ шуд, имрӯз ба бистаре барои тавсеаи сармоягузорӣ, мушорикат дар зерсохтҳо, энержӣ, фанноварии иттилоот ва гардишгарӣ табдил шудааст. Чин ба унвони рақиби ҷиддии Амрико дар иқтисоди ҷаҳонӣ, худ ҳадафи фишору маҳдудиятҳои Вашингтон аст ва ҳамин иштирок дар таҷрибаи “таҳримпазирӣ” заминаро барои ҳамкориҳои баландмуддату бурд - бурд фароҳам мекунад. Тақвияти нақши Эрон дар масирҳои транзитӣ ва мушорикат дар пружаҳои муштарак, бахши муҳиме аз пойдории иқтисодии мавриди ниёз дар даврони фишори хориҷиро тазмин хоҳад кард.
Дар сӯи дигар, санади 20 солаи Эрону Русия низ, ки дар сафари ахири Масъуди Пизишкиён, раиси ҷумҳурии Эрон ба Маскав ниҳоӣ шуд, созукорҳои муҳиме дар ҳавзаҳои амниятӣ, иқтисодӣ, энержӣ, ҳамлунақл ва молӣ пешбинӣ кардааст. Русия низ монанди Эрон бо таҳримҳои густардаи Ғарб мувоҷеҳ аст ва ин иштироки мавқеият заминаи ҳамкории ду кишварро тақвият мекунад. Эҷоди масирҳои ҷадиди мубодилоти молӣ, тавсеаи ҳамкориҳои энержӣ ва фаъолсозии мазиятҳои мутақобили санъатӣ, аз ҷумлаи қобилиятҳое аст, ки метавонад гиреҳҳои мавҷуд дар равобити тиҷории Теҳрону Маскавро боз кунад.
Дар маҷмуъ ин ду санади роҳбурдӣ на фақат абзоре барои убур аз фишорҳои Ғарб ба шумор мераванд, балки метавонанд сохтори ҳамкориҳои минтақаӣ ва авруосиёии Эронро тақвият кардаву ҷойгоҳи Теҳронро дар муодилоти иқтисодӣ ва геополитикӣ иртиқо диҳанд.