Корбарони эронии Х : Басиҷ, мотори ҳаракати Эрон дар майдонҳои сахт аст
-
Созмони Басиҷи мустазъафон
Порс тудей - Корбарони эронии « Х » дар ҳафтаи Басиҷ , Созмони Басиҷи мустазъафинро ниҳоди комилан мардумӣ хонданд, ки дар ҳамаи буҳронҳо дӯшодӯши миллати Эрон ҳузур дорад.
Имом Хумайнӣ ( раҳ ) фармони ташкили Созмони Басиҷи мустазъафонро дар панҷуми озармоҳи соли 1358 ҳиҷрии шамсӣ ( 26 ноябри 1979 ) содир кард ; дар он замон Эрон дар аввалин рӯзҳои пас аз пирӯзии Инқилоб ва дар баробари таҳдидҳои ҷиддӣ ва шадиде аз сӯии душманон қарор гирифта буд. Ин ниҳоди мардумӣ нақши муҳими худро дар ҳамаи даврон ба хусӯс ҷангҳои таҳмилӣ ва дигар буҳронҳо ва ҳатто дар сохту созу ободонии кишвар ба дурустӣ ифо кардааст. Ба гузориши Порс тудей , корбарони эронӣ « Х » ниҳоди Басиҷро наҳоди ҳамдилу пуштибони мардум дар ҳама умӯр донистанд.
Дар ҳамин робита корбаре ба номи « Асро Содот » навишт : « Басиҷиён дар сел , мавҷи умеданд , дар зилзила , сутуни дили мардум ва дар ҷанг фарёди ғайрат. Онон намоди хизмат ҳастанд . » « Фотимабону » ҳам гуфтааст : « Метавон Басиҷро ба ростӣ мактабитарину мардумитарин неруи муқовимати ҷаҳонӣ номид. »
« Ёри Маҳдӣ », дигар корбари эронии Х низ муътақидаст : « Рӯҳияи басиҷӣ , мотори ҳаракат дар ҳамаи майдонҳои сахт аст. Ин ниҳод ҳамеша боиси шукӯфоӣ дар майдонҳои илмӣ , фарҳангӣ , созандагӣ ва дифои Эрон шудааст. »
« Спеҳр » таъкид кардааст, ки Басиҷ фақат як созмон нест ; як тафаккур аст. Тафаккури масъӯлият, ғайрат ва ӣстодагӣ.
« Муҳаммади Рустамвирдӣ » фаъоли Х ҳам навишт : « Ҳузури доимии Басиҷ дар ҳаводиси ғайримутараққиба(фавқулодда)и Эрон ; марҳаме бар захмҳои осебдидагон аз балоҳои табиӣ аст. »
« Ҳаннона » низ гуфт : « Басиҷ , дар ҳеҷ марзи ҷуғрофиёӣ ва дар ҳеҷ табақаву қишре маҳсӯр намешавад(намегунҷад) ; ҷараёне аст, ки дар саросари сарзамини Эрон ҷорист , ҳарҷо ки ниёз бошад , ҳузур дорад ; бе он ки ном бихоҳад ё ҷойгоҳ биталабад» .
« Алии Ҳусайнӣ » ҳам хотирнишон кард : « Басиҷӣ дар ҳар замону макон омодаи фидокорӣ ва ҷиҳод дар роҳи Худо мебошад. »
Ва дар поён инки « Маҳдия Вализода »- корбари дигари эронии Х навишт : « Қудрати Басиҷ аз дили мардум ва барои мардум бархестааст . Басиҷӣ бо ишқи амиқ ба Эрон , чун сарбозе омода дар ҳар арсае ҳозир мешавад. Фидокории ӯ на барои ному нишон , ки барои ҳифзи арзишҳо ва ҳарими ин сарзаминаст. »