Ҳамгароии Теҳрон–Анкара барои ҳимоят аз Фаластин ва муқобила бо мудохилоти хориҷӣ
-
Масъуди Пизишкиён, раисҷумҳури Эрон дар дидор бо Ҳокон Фидон, вазири хориҷаи Туркия
Порс-Тудей. Ҳокон Фидон, вазири хориҷаи Туркия дар Теҳрон бо Масъуди Пизишкиён, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон, Муҳаммадбоқири Қолибоф, раиси Маҷлиси Шӯрои исломӣ ва Сайид Аббоси Ироқчӣ, вазири умури хориҷаи Эрон дидору ройзанӣ кард.
Масъуди Пизишкиён, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи якшанбе (30 ноябр) дар дидори Ҳокон Фидон, вазири хориҷаи Туркия бо таъкид бар ҳассосияти шароити кунунии ҷаҳони Ислом гуфт: Дар замоне ки душманони муштараки миллатҳои мусулмон дар пайи афзоиш фишорҳо ҳастанд, интизор меравад, ки кишварҳои исломӣ шароитро барои якдигар осон ва аз печидатар кардани масоил парҳез кунанд.
Пизишкиён дар ин дидор бо ишора ба пешинаи таърихӣ, фарҳангӣ ва бародаронаи равобити ду кишвар, ин муносиботро решадор, асил ва бархӯрдор аз зарфиятҳои густардаи тавсеа тавсиф карду афзуд: Чунончӣ кишварҳои исломӣ дар чорчӯби як иродаи воҳиду мубтанӣ бар иттиҳод, ҳамгароӣ ва табодули таҷрибиёт ҳаракат кунанд, ҳеҷ қудрате қодир нахоҳад буд барои миллатҳои мусулмон мушкилофаринӣ кунад.
Муҳаммадбоқири Қолибоф, раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон низ дар дидори вазири хориҷаи Туркия гуфт: Режими саҳюнистӣ ва Амрико бо тақвият, ваҳдат, рушд, якпорчагӣ ва пешрафти кишварҳои исломӣ мухолифати дерина доранд ва ба дунболи ҳифзи кишварҳои минтақа дар буҳронҳои мухталиф ҳастанд.
Сайид Аббоси Ироқчӣ, вазири умури хориҷаи Эрон низ дар мавриди нишаст бо Ҳокон Фидон гуфт: Ҳам дар ҷаласаи умумӣ ва ҳам дар ҷаласаи хусусӣ баҳси Ғаззаву Фаластин, ки ҳамеша дар садри мавзӯоти мавриди нигаронии ҳар ду кишвар аст, матраҳ шуд.
Вазири умури хориҷаи Эрон афзуд: Сиёсатҳои таҷовузталабонаву истилоталабонаи режими саҳюнистӣ дар минтақа, ки боиси нигаронии ҳамаи кишварҳои минтақа шуда ва ба ҳар ҳол таҳоҷумоте, ки ба беш аз ҳафт кишвар дар ду соли гузашта анҷом додааст, аз ҷумлаи масоиле буд, ки бар сари онҳо баҳс кардем.
Ҷумҳурии исломии Эрону Туркия ба унвони ду қудрати муҳими минтақаӣ, нақши таъсиргузоре дар таҳаввулоти Ғарби Осиё доранд. Мавзӯи Фаластину Ғазза ҳамвора яке аз меҳварҳои аслии гуфтугӯҳои ду кишвар будааст, зеро ҳар ду худро мутааҳҳид ба ҳимоят аз мардуми Фаластин медонанд. Ҳамгароии Эрон ва Туркия метавонад мувозинаи қудрат дар баробари режими саҳюнистӣ ва сиёсатҳои Амрико дар минтақаро тағйир диҳад.
Равобити Эрону Туркия решадор ва мубтанӣ бар таърих, фарҳанг ва иштирокоти бародарона аст. Ҳамкориҳо дар ҳавзаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ низ зарфиятҳои густардае барои тавсеа дорад. Тақвияти ин ҳамкориҳо метавонад ба коҳиши фишорҳои хориҷӣ ва афзоиши истиқлоли минтақаӣ кумак кунад.
Дидору ройзаниҳои Фидон бо мақомоти Ҷумҳурии исломии Эрон нишон медиҳад, ҳамсӯӣ ва ҳамгароии кишварҳои мусулмон метавонад монеъ аз печидатар шудани буҳронҳо шаваду қудратҳои хориҷиро аз мудохила боз дорад.
Таҷрибаи таърихӣ нишон додааст, ки ҳаргоҳ кишварҳои исломӣ бо як иродаи воҳид ҳаракат кардаанд, тавонистаанд дар баробари фишорҳои хориҷӣ муқовимат кунанд.
Дидору музокироти Фидон бо мақомоти олирутбаи Ҷумҳурии исломии Эрон ҳамчунин нишон медиҳад, ки Эрону Туркия ба дунболи тақвияти ҳамгароии роҳбурдӣ ҳастанд: ҳамгароие, ки на танҳо бар равобити дуҷониба асар мегузорад, балки метавонад ба улгӯе барои соири кишварҳои исломӣ дар муқобила бо мудохилоти хориҷӣ табдил шавад.
Ҳамгароии Эрон ва Туркия метавонад ба шаклгирии як ҷабҳаи қудратмандтар дар ҳимоят аз Фаластин мунҷар шавад. Ин ҳамкорӣ боиси афзоиши фишори сиёсӣ ва дипломатӣ бар режими саҳюнистӣ хоҳад шуду заминасози ҳимояти густардатари ҷаҳони Ислом аз мардуми Ғазза мешавад.
Иттиҳоди роҳбурдии Эрон ва Туркия метавонад монеъ аз густариши буҳронҳову ҷангҳои ниёбатӣ дар минтақа шавад. Ин ҳамкорӣ, ба вижа дар шароити ҳассоси кунунӣ метавонад ба мудирияти буҳронҳои амниятӣ ва инсонӣ дар Ғарби Осиё кумак кунад. Ҳамкории Эрону Туркия на танҳо барои Фаластин, балки барои кулли ҷаҳони Ислом аҳамияти роҳбурдӣ дорад. Ин иттиҳод метавонад ба коҳиши буҳронҳо, афзоиши истиқлоли минтақаӣ ва эҷоди як ҷабҳаи қудратманд дар баробари фишорҳои хориҷӣ мунҷар шавад.