Панҷ эронӣ номзади бартарин куштигири соли 2025-и ҷаҳон шуданд
-
Муҳаммадҳодии Соруӣ, куштигири фарангикори Эрон
Порс-Тудей. Бо эъломи Иттиҳоди ҷаҳонии куштӣ панҷ эронӣ ба унвони номзади бартарин куштигири соли 2025 интихоб шуданд.
Сафҳаи расмии Иттиҳоди ҷаҳонии куштӣ (UWW) номи номзадҳои бартарин куштигирони озоду фарангии соли 2025-ро эълом кард.
Ба гузориши “Порс-Тудей”, тими миллии куштии фарангии Эрон бо 3 намоянда ва тими миллии куштии озод бо 2 намоянда, дар канори Амрико, бештарин теъдоди номзадро дар миёни кишварҳои мухталиф ба худ ихтисос додаанд.
Дар куштии озод Раҳмони Амӯзод дар вазни 65 килограм ва Амирҳусайни Зореъ дар вазни 125 килограм намояндагони Эрон ҳастанд, ки бо Завур Угуев аз Русия, Зоҳид Валенсия ва Кайл Снайдер аз Амрико барои касби унвони бартарин куштигири сол рақобат мекунанд.
Дар куштии фарангӣ низ Саиди Исмоилӣ дар вазни 67 килограм, Ғуломризо Фаррухӣ дар вазни 82 килограм ва Муҳаммадҳодии Соруӣ дар вазни 97 килограм аз Эрон дар байни номзадҳои ниҳоӣ қарор гирифтанд ва барои касби ин унвон бо Малхас Амоян аз Арманистон ва Айтҷон Холмахонов аз Қазоқистон рақобат хоҳанд дошт.
Гуфтанӣ аст, аз маҷмӯи 10 номзади муаррифишуда 5 куштигир эронӣ ҳастанд, ки 50 дарсад аз кулли номзадҳоро ташкил медиҳанд. Оморе, ки нишондиҳандаи ҷойгоҳи барҷастаи куштии Эрон дар сатҳи ҷаҳон аст.