Бумисозии абзорҳои ташхису дармони саратон тавассути пажӯҳишгарони эронӣ
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i123306-Бумисозии_абзорҳои_ташхису_дармони_саратон_тавассути_пажӯҳишгарони_эронӣ
Порс-Тудей. Пажӯҳишгарони ҷиҳоди донишгоҳии Эрон дар қолаби тарҳҳои таҳқиқотӣ тавонистаанд насли тозае аз абзорҳои пешрафтаи зидди саратонро дар дохили ин кишвар ба марҳалаи иҷро бирасонанд.
(last modified 2025-12-08T08:58:46+00:00 )
Декабр 08, 2025 13:57 Asia/Dushanbe
  • Бумисозии абзорҳои ташхису дармони саратон тавассути пажӯҳишгарони эронӣ
    Бумисозии абзорҳои ташхису дармони саратон тавассути пажӯҳишгарони эронӣ

Порс-Тудей. Пажӯҳишгарони ҷиҳоди донишгоҳии Эрон дар қолаби тарҳҳои таҳқиқотӣ тавонистаанд насли тозае аз абзорҳои пешрафтаи зидди саратонро дар дохили ин кишвар ба марҳалаи иҷро бирасонанд.

 Пажӯҳишгарони ҷиҳоди донишгоҳии Эрон бо дастёбӣ ба маҷмӯаи фанновариҳои навин дар ҳавзаи жендармонӣ ва вирусдармонӣ, муваффақ ба тарроҳӣ ва сохти чандин платформаи бумӣ барои дармони ҳадафманди анвои саратонҳои муқовим ба дармон шуданд.

Ба гузориши “Порс-Тудей”, ин дастовардҳо шомили вирусҳои навтаркиб, тарошаҳои ташхисӣ ва нанозарроти ҳушманди тасвирбардор аст.

Кити шумориши ҳуҷайраҳои тумурӣ дар гардиши хун (CTC Kit) барои поиши раванди дармони беморони мубтало ба саратон ва ҳамчунин фанноварии тумур рӯи тароша, ки ба манзури арзёбии асарбахшии доруҳои зиддисаратон дар шароити шабеҳсозишудаи бофти инсонӣ тавсеа ёфтааст низ, аз дигар чунин дастовардҳост.