Бонуи эронӣ бар курсии раёсати Кумитаи паратенниси рӯи мизи ҷаҳон нишаст
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i123334-Бонуи_эронӣ_бар_курсии_раёсати_Кумитаи_паратенниси_рӯи_мизи_ҷаҳон_нишаст
Порс Тудей–Симо Лимучӣ, бонуи эронӣ ба унвони раиси Кумитаи паратенниси рӯи мизи ҷаҳон мансӯб шуд.
(last modified 2025-12-10T09:53:47+00:00 )
Декабр 10, 2025 10:51 Asia/Dushanbe
  • Бонуи эронӣ бар курсии раёсати Кумитаи паратенниси рӯи мизи ҷаҳон нишаст

Порс Тудей–Симо Лимучӣ, бонуи эронӣ ба унвони раиси Кумитаи паратенниси рӯи мизи ҷаҳон мансӯб шуд.

Ба гузориши Порс Тудей, дар ҷараёни нишасти ахири ҳайати иҷроии Федератсияи ҷаҳонии тенниси рӯи миз, ки дар Чин баргузор шуд, феҳристи руасо, руасои муваққати кумитаҳои мухталифи Федератсияи ҷаҳонӣ мавриди таъйид қарор гирифт. Дар ин нишаст Симои Лимучӣ аз Эрон, ба унвони раиси муваққати Кумитаи паратнниси рӯи мизи ҷаҳон мансӯб шуд.

Ин интисоб бахше аз сохтори ҷадиди Федератсияи ҷаҳонӣ аст, ки бо ҳадафи тақвияти раванди машваратӣ ва коршиносӣ дар кумитаҳои тахассусӣ сӯрат гирифта ва то замони тасмимгирии ниҳоии Шӯрои кумитаи паратенниси рӯи мизи Федератсияи ҷаҳонӣ (ITTF) барои давраи 2025 то 2029 муътабар хоҳад буд.

 Кумитаи паратенниси рӯи миз яке аз муҳимтарин ниҳодҳои тахассусии ITTF дар ҳавзаи варзиши афроди дорои маълулият ба шумор меравад ва раёсати ин кумита нақши муҳимме дар сиёсатгузорӣ, тавсеа ва назорат бар барномаҳои ҷаҳонии ин ришта дорад.