Оё занони эронӣ пас аз Пирӯзии Инқилоби Исломӣ дар арсаҳои мухталиф дурахшидаанд?
-
Эрон дар рушди таҳсилоти занон рутбаи авали ҷаҳонро касб кардааст
Порс Тудей- Як коршиноси ҳавзаи расона гуфт: Занон дар Эрон пас аз Пирӯзии Инқилоби Исломӣ бо суръати камназири масири рушди илмӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро паймудаанд.
Ба гуфтаи Порс Тудей, Аҳмад Назарпур, коршиноси ҳавзаи расона , гуфт: Бар хилофи иддаоҳои расонаҳои Ғарб, занон дар Эрон аз замони Инқилоби Исломӣ бо суръати бесобиқа роҳи рушди илмӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро тай кардаанд ва ин дастовардҳоро наметавон инкор кард. Назарпур бо ишора ба омори байналмилалӣ дар бораи вазъи занони эронӣ пас аз пирӯзии Инқилоби Исломӣ афзуд: Имрӯз 70 фоизи донишҷӯёни пизишкӣ ва 60 фоизи ҳамаи донишҷӯёни эронӣ занон мебошанд.
Ин коршиноси расона таъкид кард: Саҳми занони эронӣ дар илмҳои муҳандисӣ ба 70 фоиз расидааст ва Эрон дар рушди таҳсилоти занон дар ҷаҳон дар ҷои аввал қарор дорад. Ӯ таъкид кард, ки коҳиши бесаводии занон дар Эрон аз тақрибан 60 фоиз пеш аз инқилоб то камтар аз 10 фоиз низ яке аз муҳимтарин таҳаввулоти ин давра аст. Назарпур инчунин афзоиши умри занонро аз 54 то 78 сол, афзоиши шумораи мураббиёни зан аз 9 то 35 000 нафар, густариши риштаҳои варзиши занон аз 7 то 38 ва баланд бардоштани мақоми занон дар шӯрои илмии донишгоҳҳо аз 14 то 30 фоизро мисолҳои пешрафти бесобиқаи занони эронӣ дар сояи Инқилоби Исломии Эрон номид.