Планкаи 100-килоӣ; рекорди ҷаҳонӣ ба номи як зани эронӣ сабт шуд
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i123408-Планкаи_100_килоӣ_рекорди_ҷаҳонӣ_ба_номи_як_зани_эронӣ_сабт_шуд
Порс Тудей - Як зани эронӣ тавонист номи худро тавассути варзишҳои қавӣ дар Китоби рекордҳои Гиннес сабт кунад.
(last modified 2025-12-15T04:50:07+00:00 )
Декабр 13, 2025 12:39 Asia/Dushanbe
  • Планкаи 100-килоӣ; рекорди ҷаҳонӣ ба номи як зани эронӣ сабт шуд

Порс Тудей - Як зани эронӣ тавонист номи худро тавассути варзишҳои қавӣ дар Китоби рекордҳои Гиннес сабт кунад.

Ба гуфтаи Порс Тудей, Лолаҳ Никном ин рӯзҳо дар хабарҳои Эрон номи шинос шудааст. Вай бо сабти як Планка  бо вазнаи 100-килоӣ номи худро дар Китоби рекордҳои Гиннес сабт кард, то як зани дигар аз Эрон дар байни беҳтаринҳо дар ҷаҳон бошад. Никном фаъолияти худро аз шаҳри Боразҷон дар вилояти Бушеҳр (ҷануби Эрон) оғоз кард.

Дар бораи рекорди арзишманди худ дар Китоби Гиннес, Лолаҳ Никном ба IRNA гуфт: Ман барои ин рекорд 2 сол машқ кардам ва онро дар сатҳи миллӣ аввали соли ҷорӣ сабт кардам ва сипас бо кумаки Федератсияи умумӣ ва Кумитаи сабти рекордҳои варзишии Федератсия, мо онро ба намояндаи Гиннес фиристодем ва ниҳоят тасдиқ шуд. Рекорди ман як дақиқа ва 9 сония барои як тахтаи 100-килоӣ аст, ки дар ҷаҳон беҳамто аст.

Никнам идома дод: "Албатта, ин рекорд анҷоми фаъолияти ман нест, аммо ман мехоҳам дар саросари ҷаҳон рекордҳои бештар гузорам. Рекорди миллии ғалтондани лостик (чарх) ҳам дар ихтиёр манаст .”

Варзиши Планка яке аз ҳаракоти варзишии истиқоматӣ аст, ки моҳичаҳоро даргир кардау илова бар лоғарӣ барои соири ниёзҳои ҷисмӣ таъсир  хоҳад дошт .

Лолаҳ Никном, дорандаи рекордҳои Планкаи 100-килоӣ ва ғалтондани лостик (чарх)