Январ 22, 2017 19:00 Asia/Dushanbe
  • Нишасти ҳайатҳои эрониву русӣ дар Остона

Дуввумин нишасти ҳайатҳои намояндагии Эрону Русия дар Остона, пойтахти Қазоқистон, бо мавзӯи ҳалли сиёсии буҳрони Сурия баргузор шуд.

Ба дуввумин ройзании Эрону Русия якшанбе (3 –юми баҳман) дар меҳмонхонаи “Марриот Остона” баргузор шуд.

Ҳусайн Ҷобирии Ансорӣ, муовини умури арабӣ ва африқоии Вазорати умури хориҷа, раёсати ҳайати ҷумҳурии исломии Эронро дар ин гуфтугӯҳо бар ӯҳда дорад.

Дар ҳамин росто, асри шанбе низ Эрон дар ду мулоқоти ҷудогона бо ҳайати Русия, ба сарпарастии Александр Ловрентев, намояндаи вижаи раиси ҷумҳурии Русия дар умури Сурия ва ҳайати Туркия ба сарпарастии Садот Унол, муовини минтақаии вазири умури хориҷаи ин кишвар, дар хусуси охирин таҳаввулоти иҷлоси Остонаву барномаҳои ин иҷлос гуфтугӯ ва табодули назар карданд.

Ҳамчунин асри якшанбе ҳайатҳои эронӣ, туркӣ ва русӣ нишасти муштаракеро барои ройзании ҷомеътар дар бораи музокироти душанбе баргузор хоҳанд кард.

Меҳвари ин гуфтугӯҳои паёпайи музокира дар бораи санади ниҳоии музокироти сурӣ-сурӣ аст.

Бар асоси барномаи эъломшуда, музокироти сулҳи Сурия бо ҳузури намояндагони давлати Сурия ва гурӯҳи мухолифону ҳайати намояндагии Созмони милал, душанбе, соъати 10-и субҳ ба вақти маҳаллӣ (7:30 ба вақти Теҳрон) дар меҳмонхонаи Риксуси Остона оғоз мешавад ва ду рӯз идома дорад.

Ин музокирот бо назорати 3 кишвари Эрон, Туркия ва Русия ва мушорикати намояндаи Созмони милал, дар Остона, пойтахти Қазоқистон баргузор мешавад.

Гуфтугӯҳо дар сурати мувофиқати тарафайн 20-уми баҳман низ бо миёнҷигарии Стефан де Мистура, намояндаи вижаи Созмони милал дар умури Сурия, дар Женева идома хоҳад ёфт.

Ин музокирот дар ҳоле баргузор хоҳанд шуд, ки оташбаси Сурия бо ҳадафи дастёбӣ ба роҳ‎ҳалли сиёсӣ ва поёни 6 соли даргирӣ дар ин кишвар аз 10-уми дайи имсол дар саросари ин кишвар барқарор шудааст. Ин оташбас гурӯҳҳои террористии ДИИШ ва Ҷабҳаи Аннусраро дар бар намегирад.

Сурия аз исфандмоҳи 1389 (2011) саҳнаи ҷанги маргборе аст, ки ба гуфтаи давлати Димишқ, бархе кишварҳои ғарбӣ ва ҳампаймонони минтақаии онҳо, аз ҷумла Арабистони Саудӣ, Қатар ва Туркия аз он ҳимоят кардаанд.

Оташафрӯзии гурӯҳҳои норозии давлати Сурия ба куштаву захмӣ шудани садҳо ҳазор ғайринизомӣ мунҷар шудаву миллионҳо овора низ барҷой гузоштааст.

 

Барчасп