Чобаҳори Эрон масири амн ва пойдор барои транзитӣ колоҳои афғонистонӣ
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i123558-Чобаҳори_Эрон_масири_амн_ва_пойдор_барои_транзитӣ_колоҳои_афғонистонӣ
Порс Тудей- Мудир омили Созмони минтақаи озоди Чобаҳор дар ҷануби шарқи Эрон гуфт: Чобаҳор ба унвони танҳо бандари уқёнусии кишвар, зарфияти табдил шудан ба дарвозаи аслии тавсиаи тиҷорат ва транзити муштараки Эрон ва Афғонистонро дорад.
(last modified 2025-12-24T09:20:07+00:00 )
Декабр 24, 2025 14:14 Asia/Dushanbe
  • Чобаҳори Эрон масири амн ва пойдор барои транзитӣ колоҳои афғонистонӣ

Порс Тудей- Мудир омили Созмони минтақаи озоди Чобаҳор дар ҷануби шарқи Эрон гуфт: Чобаҳор ба унвони танҳо бандари уқёнусии кишвар, зарфияти табдил шудан ба дарвозаи аслии тавсиаи тиҷорат ва транзити муштараки Эрон ва Афғонистонро дорад.

Муҳаммадcаид Арбобӣ, мудир омили Созмони минтақаи озоди Чобаҳор дар ҷануби шарқи Эрон таъкид кард: барои тавсиаи равобит ва афзоиши сармоягузорӣ, дар як моҳи ахир дидорҳое бо сафирони кишварҳои мухталиф анҷом шудааст, ки аз ҷумлаи онҳо нишасти муштарак бо Мавлавӣ Фазлмуҳаммад Ҳаққонӣ, сафири Афғонистон дар Эрон буд. Дар ин нишаст, роҳкорҳои густариши равобити иқтисодӣ, тиҷорӣ ва транзитӣ миёни ду кишвари ҳамсоя ба сурати ҷомеъ баррасӣ шуд.

Ба гузориши Порс Тудей, мудир омили минтақаи озоди Чобаҳор бо баёни инки ин минтақа иқтисодитарин дарвозаи вуруди коло ба Афғонистон аст, афзуд: мавқеияти ҷуғрофиёии мумтози Чобаҳор боис шуда ин бандар наздиктарин масири дастрасии Афғонистон ба обҳои озод бошад. Вай бо ишора ба равобити таърихӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии Эрон ва Афғонистон тасреҳ кард: минтақаи озоди Чобаҳор омодагӣ дорад нақши меҳварӣ дар таъмиқи ин равобит ифо кунад ва бистари муносибе барои фаъолияти фаъолони иқтисодии Афғонистон фароҳам оварад.

Арбобӣ гуфт? дар ҳавзаи тиҷорат ва сармоягузорӣ ҳеҷ тафовуте миёни тоҷирони эронӣ ва афғонистонӣ қоил нестем ва ҳимоят аз сармоягузорони хориҷӣ, бавижа тоҷирони афғонистонӣ, яке аз авлавиятҳои минтақаи озоди Чобаҳори Эрон аст. Вай бо таъкид бар зарурати ҳадафманд шудани ҳамкориҳо афзуд: ташкили кумитаи иқтисодии муштарак барои пайгирии мустамарри масоили тиҷорӣ, сармоягузорӣ ва лоҷистикӣ дар дастури кор қарор дорад ва коҳиши ҳазинаҳои ҳамлу нақл ва транзит, муҳимтарин мазияти иқтисодии истифода аз масири Чобаҳор барои тоҷирони афғонистонӣ аст.

Вай хотирнишон кард: маҳдудае вижа барои сармоягузорони афғон дар минтақаи озоди Чобаҳор пешбинӣ шудааст, то мудирият ва фаъолияти иқтисодии он бо мушорикати мустақими худи онон анҷом шавад.

Мудир омили Созмони минтақаи озоди Чобаҳор афзуд: бо баҳрабардорӣ аз хатти роҳи оҳани Чобаҳор–Зоҳидон дар моҳҳои оянда, эҷоди парки лоҷистик ва бандари хушк низ дар дастури кор қарор хоҳад гирифт, ки нақши муҳимме дар афзоиши суръати ҷобаҷоии коло ифо мекунад.

Ӯ ба бархе тасҳилоти фароҳамшуда дар минтақаи озоди Чобаҳор ишора кард ва гуфт: коҳиши ҳазинаҳои бандарӣ барои транзит, содирот ва воридоти колоҳои афғонистонӣ аз ҷумла мушаввиқҳое аст, ки дар ростои ҳимоят аз тоҷирон ва бозаргонони ин кишвар дар назар гирифта шудааст. Ин зерсохтҳо фурсати муносибе барои Афғонистон фароҳам мекунад, то аз масири Чобаҳор ба унвони масири амн ва пойдори дастрасӣ ба обҳои озод ва бозорҳои ҷаҳонӣ истифода кунад.

Арбобӣ афзуд: тавсиаи тиҷорат ва транзити муштарак аз масири Чобаҳор метавонад ба ҳалли бахше аз масоили марзӣ ва лоҷистикии ду кишвар кумак кунад. Минтақаи озоди Чобаҳор бо ҳамкории Вазорати умури хориҷа, дастгоҳҳои иҷроӣ ва бахши хусусӣ омодаи ифои нақши муассир дар тақвияти равобити иқтисодии Эрон ва Афғонистон аст.

Вай таъкид кард: фаъолсозӣ ва тавсиаи сареътари хатти транзити коло аз минтақаи озоди Чобаҳор ба Афғонистон бо истифода аз зарфиятҳо ва имконоти мавҷуд, нақши муҳимме дар афзоиши мубодилоти иқтисодӣ ва густариши ҳамкориҳои ду кишвар хоҳад дошт.