Корбарони эронии Х | Роҳи шаҳид Сулаймонӣ идома дорад
Порс Тудей - Ҳудӯди шаш сол аз шаҳодати сардор Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи мубориза бо терроризм дар ҷаҳон мегузарад ва корбарони эронии Х ҳамчунон ба ёдӣ ӯ ва рашодатҳояш ҳастанд.
Сеюми январи 2026 солгарди шаҳодати сардор Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи эронии мубориза бо терроризм дар ҷаҳон аст. Эшон ба ҳамроҳи 9 нафари дигар, сеюми январи 2020 дар ҳамлаи ҳавоии неруҳои мутаҷовизу террористи амрикоӣ дар фурудгоҳи Бағдоди Ироқ, ба шаҳодат расиданд. Ба ҳамин муносибат корбарони эонии шабакаи иҷтимоии Х ба истиқболи айёми шаҳодати сардор Сулаймонӣ рафтанд ва бо паёмҳое ёду хотираи эшонро гиромӣ доштанд.
«Юсуфи Шамсиддинӣ», фаъоли шабакаи иҷтимоии Х ба хулӯсу тақвои шаҳид Сулаймонӣ ишора кард ва навишт: Сардор Ҳоҷ Қосими Сулаймониро наметавон бо як ҷумла тавсиф кард; ӯро бояд дар асли хулӯсу тақво ҷустуҷу кард; дар он ҷо ки беш аз ҳар мақому мансаб, ризояти Худо ҳадаф буд, на дида шудан ё таъйди ҷамъӣ.
Ҳамчунин корбари дигаре ба номи «Муҳаммадҷавод» навишт: шуҷоати сардор Сулаймонӣ, марзи миёни будан ва набуданро маъно кард. Ӯ нишон дод, ки ҳатто пас аз рафтан, метавон илҳомбахш буд ва масири муқовиматро равшан нигаҳ дошт.
Дигар корбари эронӣ ба номи «Ҳоҷи Меҳрдод» низ сардор Сулаймониро ҷаҳонитарин намоди муқовимат тавсиф кард. Ӯ навишт: Ҳоҷ Қосими Сулаймонӣ, эронитарин сардору ҷаҳонитарин намоди муқовимат буд.
Фаъоли шабакаи иҷтимоми Х бо номи корбарии “Хонум Мим” ҳам шуҷоату исори сардор Сулаймониро улгӯе беназир барои ҳамаи наслҳо донист.
«Муҳсини Девонӣ», дигари корбари эронӣ ба зинда будани андеша ва ахлоқи сардор Сулаймонӣ ишора кард ва навишт: Андеша ва ахлоқи сардор Сулаймонӣ ҳамчунон зиндааст ва дар дилҳои кӯдакону навҷавонони эронӣ ҷорӣ хоҳад монд.
Корбари дигаре бо номи Симурғ навишт: сардор Сулаймонӣ, роҳаш ҳамчунон идома дорад.
«Ҳаннона Бону» дигар корбари эронӣ ҳам ба ишқи сардор Сулаймонӣ ба ҳамаи мазлӯмони ҷаҳон ишора кард ва навишт: сардор Сулаймонӣ, падаре буд, ки дилаш барои тамоми мазлӯмони ҷаҳон метапид. Ин густараи ишқ, дарси ӯст.