Эрон неруи дарёии Канадаро террористӣ эълом кард
Порс Тудей – Вазорати умури хориҷаи Эрон дар вокуниш ба тасмими ғайриқонӯнии давлати Канада эълом кард, неруи дарёии Канада машмӯли қонӯни иқдоми мутақобили Эрон аст ва бар ҳамин асос, дар чорчӯби ин қонӯн ба унвони як созмони террористӣ шинохта мешавад.
Ба гузориши Порс Тудей, вазорати умӯри хориҷаи Эрон дар баёнияе бо ишора ба тасмими давлати Канада дар таърихи 19 июни 2024 барои барчасбзанӣ ба бахше аз неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон, таъкид кард: Аз онҷо ки давлати Канада бар хилофи усӯли бунёдини ҳуқуқи байналмилал, Сипоҳи посдорони инқилоби исломиро, ки яке аз аркони расмии неруҳои мусаллаҳи Эрон буда, дар феҳристи созмонҳои террористӣ қарор дода, Ҷумҳурии Исломии Эрон бар пояи асли амали мутақобил иқдом кардааст.
Дар ин баёния омадааст, ки иқдоми Теҳрон мустанад ба модаи 7 қонӯни “иқдоми мутақобил дар баробари эъломи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ба унвони созмони террористӣ тавассути Амрико” мусавваби соли 2019 аст; қонӯне, ки тасреҳ мекунад, кулияи кишварҳое, ки ба ҳар наҳв аз тасмими Амрико дар ин замина табаъият ё ҳимоят кунанд, машмӯли иқдомоти мутақобили Ҷумҳурии Исломии Эрон хоҳанд шуд.
Бар ин асос, вазорати умури хориҷаи Эрон эълом кард, неруи дарёии Канада машмӯли мафоди ин қонӯн буда ва дар чорчӯби иқдоми мутақобил, ба унвони як созмони террористӣ шинохта мешавад.
Давлати Канада дар соли 2012 равобити дипломатии худ бо Теҳронро қатъ кард ва дар соли гузашта низ дар идомаи сиёсатҳои зидди эронӣ, Сипоҳи посдорони инқилоби исломиро дар феҳристи созмонҳои террористӣ қарор дод; иқдоме, ки бо маҳкӯмияти расмии Ҷумҳурии Исломии Эрон мувоҷеҳ шуд.