Номҳои эронӣ - исломӣ|Киён; меросе зинда аз Шоҳнома то насли имрӯз
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i123752-Номҳои_эронӣ_исломӣ_Киён_меросе_зинда_аз_Шоҳнома_то_насли_имрӯз
Порс Тудей- Дар мероси эронӣ–исломӣ, «Киён» танҳо як ном нест; намоде аз ҳастӣ, бузургӣ ва решаҳои устувори фарҳангӣ аст, ки аз Шоҳнома то мутуни динӣ имтидод ёфта ва имрӯз низ ба унвони номе хушоҳанг ва байналмилалӣ, ҳувият ва иззатро дар дили худ ҷой додааст.
(last modified 2026-01-10T10:17:41+00:00 )
Январ 07, 2026 12:17 Asia/Dushanbe
  • Номҳои эронӣ - исломӣ|Киён; меросе зинда аз Шоҳнома то насли имрӯз

Порс Тудей- Дар мероси эронӣ–исломӣ, «Киён» танҳо як ном нест; намоде аз ҳастӣ, бузургӣ ва решаҳои устувори фарҳангӣ аст, ки аз Шоҳнома то мутуни динӣ имтидод ёфта ва имрӯз низ ба унвони номе хушоҳанг ва байналмилалӣ, ҳувият ва иззатро дар дили худ ҷой додааст.

Номи Киён дар Эрон решаи таърихӣ ва фарҳангӣ дорад ва бо силсилаи Киёниён дар асотири порсӣ гиреҳ хӯрдааст; силсилае, ки намоди бузургӣ, иқтидор ва хирад дар Шоҳномаи Фирдавсӣ аст. Дар забони форсӣ, «Киён» ба маънои ҳастӣ, вуҷуд ва бузургон омада ва дар мутуни исломӣ низ ба маънои бунёд ва асли ҳастӣ ба кор рафтааст.

Ба гузориши Порс Тудей, бар асоси додаҳои Созмони сабти аҳволи Эрон, номи эронӣ–исломии «Киён» дар даҳаҳои ахир дар зумраи номҳои писаронаи маҳбуб дар хонаводаҳои эронӣ қарор гирифтааст.

Ин ном кӯтоҳ, хушоҳанг ва хушвазн буда ва ба роҳатӣ дар забони форсӣ ва арабӣ талаффуз мешавад.

Дар густураи ҷаҳонӣ, номи Киён бо навиштори Kian ё Kiyan шинохта мешавад. Дар Аврупо ва Амрико низ ин ном ба далели кӯтоҳӣ ва талаффузи сода, мавриди таваҷҷуҳи хонаводаҳо қарор гирифтааст. Дар Туркия ва кишварҳои Осиёи Миёна, «Киён» ба маънои ҳастӣ ва вуҷуд роиҷ аст ва дар ҷавомеи ғарбӣ низ бо густариши фарҳанги эронӣ, ин ном ба тадриҷ шинохтатар шудааст.

Номи «Киён» танҳо як ном нест; балки намоди ҳувияти фарҳангӣ, асолати эронӣ ва пайванд бо маънавияти исломӣ аст. Интоби ин ном, баёнгари хости хонаводаҳо барои иззат, оромиш ва устуворӣ дар зиндагии фарзандашон аст; номе, ки ҳам дар дили таърихи Эрон ва ҳам дар фарҳанги исломӣ ҷой дорад.

Шунидани номи Киён ҳолу ҳавои бошукӯҳ ва оромишбахш эҷод мекунад. Таркиби сода ва хушоҳанги он, ҳамроҳ бо бори маънавӣ ва таърихӣ, боис шуда дар миёни асомии эронӣ–исломӣ ҳам маҳбуб ва ҳам мондагор бошад.