Эҳёи каридори Шарқ-Ғарб. Эрон ба чаҳорроҳи рейлии минтақа табдил мешавад
-
Саноати роҳи оҳани Эрон
Порс-Тудей. Афзоиши камсобиқаи вуруди қаторҳои борӣ аз Чин ва Русия ба Эрон нишонае равшан аз бозгашти масири роҳи оҳани Эрон ба конуни тиҷорати минтақаӣ ва умеде тоза барои тақвияти амнияти иқтисодӣ ва вуруди арз аз ҳисоби транзит аст.
Бар асоси эъломи Шаҳриёри Тақизода, муовини бозаргонии хориҷии роҳи оҳан, тайи 9 моҳи гузашта 43 қатори борӣ аз Чин вориди Эрон шудаанд. Рақаме ки нисбат ба солҳои қабл ҳудуди 6 баробар афзоиш ёфтааст. Ин қаторҳо, ки умдатан ҳомили панелҳои хуршедӣ, таҷҳизоти неругоҳӣ ва қатаоти саноатӣ ҳастанд, масири Эронро ба унвони ҷойгузине амн, фаврӣ ва тамомзаминӣ барои ҳамли дарёӣ интихоб кардаанд. Масире ки замони ҳамлро ба ҳудуди нисф коҳиш медиҳад.
Ҳамзамон бо ин раванд, вуруди ҳамзамони қаторҳои борӣ аз Чин ва Русия ба шабакаи роҳи оҳани Эрон паёмҳои муҳиме барои бозори транзити минтақа дорад. Ин руйдод нишон медиҳад, ки Эрон дар ҳоли табдил шудан ба конуни иттисоли чанд ҷараёни аслии рейлӣ миёни Чин, Русия, Аврупо, ҷануби Осиё ва Ғарби Осиё аст.
Ба гуфтаи масъулони роҳи оҳани Эрон идомаи ин тараддудҳо ба маънои убури масири Эрон аз фози озмоишӣ ва вуруд ба марҳилаи тиҷорисозии каридорҳои рейлӣ аст. Эҳёи шохаи ҷанубии каридори Шарқ-Ғарб натиҷаи тавофуқоти шашҷониба миёни Эрон, Чин, Туркия, Қазоқистон, Узбакистон ва Туркманистон аст. Тавофуқе ки бар таъруфагузории яксон, коҳиши замони убури қаторҳо ва ҳамоҳангии марзӣ мутамаркиз будаанд. Оморҳо нишон медиҳад, ки аз ибтидои имсол беш аз 40 қатор аз Чин вориди Эрон шудаанд. Дар ҳоле ки тайи ҳафт соли гузашта дар ҷамъ танҳо ҳафт қатор дар ин масир тараддуд карда буд.
Бар асоси барномарезиҳои эъломшуда, ин раванд дар моҳҳои оянда шитоби бештаре хоҳад гирифт. Ҷабборалӣ Зокирӣ, мудиромили роҳи оҳани Ҷумҳурии исломии Эрон эълом кардааст, ки то поёни соли ҷорӣ вуруди 300 қатори борӣ аз Чин ҳадафгузорӣ шудааст. Таҳаввуле ки метавонад ба вуруди мустақими арз (доллар ва евро)-и ҳосил аз ҳамлу нақли байналмилалӣ ва афзоиши даромадҳои пойдори транзитӣ мунҷар шавад.
Коршиносони ҳавзаи ҳамлу нақл ва транзит муътақиданд, ки кутоҳии масир, якпорчагӣ ва тмомзаминӣ будан, амнияти боло ва тааҳҳуди замонӣ дар таҳвили коло мазиятҳое аст, ки масири роҳи оҳани Эронро нисбат ба каридорҳои рақибе монанди масири миёнӣ ё масирҳои пурриски дарёӣ мутамоиз ва фарқкунанда месозад. Танаввуи мақосиди борҳои вурудӣ аз Чин ва Русия, аз бандарҳои ҷанубии Эрон то Ҳинд ва Ироқ низ инъитофпазирии болои ин масирро нишон медиҳад.