Имом Хоманаӣ : Ҷумҳурии исломӣ дар муқобили афроди тахрибгар кӯтоҳ нахоҳад омад
-
ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ , раҳбари Инқилоби исломӣ
Порс тудей - Раҳбари Инқилоби исломӣ бо таъкид бар инки Ҷумҳурии исломӣ бо хуни чандсад ҳазор инсони шариф рӯйи кор омада ва дар муқобили тахрибгарон кӯтоҳ нахоҳад омад , гуфтанд : Ҷумҳурии исломӣ муздурии бегонагонро таҳаммул намекунад ва миллати Эрон муздури бегонаро ҳар ки бошад мардуд медонад.
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ , раҳбари Инқилоби исломӣ рӯзи ҷумъа ва дар солгарди қиёми торихӣ ва пирӯзии мардуми Қум дар 19 дайи 1356 , дар дидори ҳазорон нафар аз мардуми муъмину пуршӯри ин шаҳр ,хатои муҳосиботии режими фосиди паҳлавӣ ва пуштибони аслии он яъне Амрикоро заминаи шикасти онҳо дар муқобили миллати Эрон баршумурданд ва гуфтанд : Имрӯз миллати Эрон, ки ба баракати низоми Ҷумҳурии исломӣ аз лиҳози нармафзорӣ,маънавӣ ва таҷҳизоти сахтафзорӣ бисёр қавитар аз он рӯз аст , Амрикои мутакаббиру дучори муҳосиботи ғалатро шикаст хоҳад дод ва низоми муқтадири исломӣ, ки бо хуни чандсад ҳазор шаҳиди шариф рӯйи кор омада , дар муқобили афроди бефикру иғтишошгар, ки даст ба тахриб мезананд, кӯтоҳ нахоҳад омад.
Ба гузориши Порс тудей , раҳбари Инқилоби исломӣ тасреҳ карданд : Афроде ҳастанд, ки корашон тахриб аст; ҳамчиноне кӣ дар Теҳрон ва баъзе ҷоҳои дигар як мушт тахрибгар омаданд ва сохтмонҳои мутаъаллиқ ба кишвари худашонро хароб карданд барои инки раиси ҷумҳӯри Амрико хушаш бияёд.
Имом Хоманаӣ афзуданд : Ӯ ҳам дилаш хуш аст, аммо агар метавонад биравад кишвари худашро, ки даргири ҳаводиси гӯногӯн аст идора кунад. Ӯ дар ҷанги 12 рӯза дасташ ба хуни беш аз ҳазор тан аз эрониён олӯда шуд ва худаш эътироф кард, ки ман дастури ҳамла додам ва дар ин ҷанг фармондеҳӣ кардам, баъд ҳамин шахс мегуяд ман тарафдори мардуми Эронам ва одамҳои бетавваҷуҳ ва бефикр ҳам онро бовар ва тибқи майли ӯ сатили ошғол(партов) оташ мезананд ва аз ин корҳо мекунанд .
Раҳбари Инқилоби исломӣ дар хусӯси раиси ҷумҳӯри Амрико гуфтанд : Он бобое, ки бо нихвату ғурур роҷеъ ба ҳамаи дунё ҳарф мезанад ва қазоват мекунад , бидонад маъмӯлан мустабидону мустакбирони олам аз қабили Намруд , Фиръавн , Ризохон ва Муҳаммадризои Паҳлавӣ вақте, ки дар авҷи ғурур буданд сарнагун шуданд ва ӯ ҳам сарнигун хоҳад шуд.
Раҳбари Инқилоб қазияҳои Амрикои лотинро намӯнае аз талоши Амрико барои дастандозӣ ба манобеъи миллатҳо баршумурданд ва афзуданд : Як кишварро муҳосира мекунанд ва бешармона мегӯянд барои нафт ин корро кардем. Ҳамчиноне кӣ қабл аз Инқилоб , нафту манобеи Эрон дар ихтиёри мустакбирону саҳюнистҳо ва авомилашон буд.
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ бо ёдоварии душмании мустамар(пайваста)и амрикоиҳо бо Ҷумҳурии исломӣ афзуданд : Ба фазли Илоҳӣ низоми исломӣ рӯз ба рӯз қавитар шуда ва тавтеъаҳои онҳо барои аз байн рафтани низом шикаст хӯрда; ба наҳв(шева)е ки имрӯз бар хилофи хости онҳо Ҷумҳурии исломӣ дар дунё қудратманд , сарбаланд ва обрӯманд аст.