Лориҷонӣ : Дахолати унсурҳои Амрико ва Исроил дар иғтишошоти Эрон ошкор аст
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i123778-Лориҷонӣ_Дахолати_унсурҳои_Амрико_ва_Исроил_дар_иғтишошоти_Эрон_ошкор_аст
Порс тудей - Дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон бо ишора ба ҳаводису иғтишошоти ахир дар ин кишвар изҳор кард, ки вуҷӯди дастҳои Амрикову режими саҳюнистӣ дар ин ҳаводис возеҳ ва ошкор аст.
(last modified 2026-01-10T13:07:04+00:00 )
Январ 10, 2026 16:24 Asia/Dushanbe
  • Алии Лориҷонӣ,дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон
    Алии Лориҷонӣ,дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон

Порс тудей - Дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон бо ишора ба ҳаводису иғтишошоти ахир дар ин кишвар изҳор кард, ки вуҷӯди дастҳои Амрикову режими саҳюнистӣ дар ин ҳаводис возеҳ ва ошкор аст.

Алии Лориҷонӣ,дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон ҷумъашаб дар гуфтугу бо шабакаи ал-Маёдини Лубнон гуфт : Амрикову режими саҳюнистӣ талош мекунанд бо барафрӯхтани оташи ҷанги дохилӣ дар Эрон , заминаро барои дахолати хориҷӣ фароҳам кунанд.

 Ба гузориши Порс тудей , Лориҷонӣ афзуд : Саркардагони гуруҳҳои террористии мусаллаҳ ба дунболи барафрӯхтани оташи ҷанги дохилӣ дар Эрон ҳастанд.
Шӯрои олии амнияти миллии Эрон пештар дар баёнияе бо ишора ба инки Амрикову режими саҳюнистӣ баъд аз ҷанги 12 рӯза , ҷангталабӣ ва душманӣ бо миллати Эронро раҳо накардаанд , эълом кард : Режими саҳюнистӣ ҳамчунон ситам бар эрониёнро дар набардҳои таркибӣ дунбол мекунад, гоҳе тактикаҳоро иваз карда, аммо ҷангталабӣ бо миллати настуҳи Эронро раҳо накард. Ҳаводиси рӯзҳои ахир низ бо ҳидояту тарроҳии душмани саҳюнӣ ба саҳнаи ноамнии Эрон кашонда шуд.
Ин баёния бо ишора ба инки ноамнӣ барои як миллат аз ҷониби ҳеҷ кишвару низоме пазируфта нест ва ҳузури неруҳои амниятӣ ва интизомӣ барои эҷоди амният дар кишвар аст , меафзояд : Миллати Эрон бо ҳамбастагии миллӣ , ваҳдату якпорчагӣ, шигирди харобкоронаи душманро нақш бар об хоҳад кард.
Дар ин баёния таъкид шудааст : Суханони Доналд Трамп дар рӯзҳои гузашта, нишонгари тарроҳии муштараки байни Амрико ва Исроил аст, ки зиндагии миллати Эронро дучори ноамнӣ кунад.