Охирин тахрибҳои суратгирифта тавассути террористҳои нуфузкарда ба Эрон
-
Намое аз тахриби амволи умумӣ дар Теҳрон тавассути террористҳои нуфузкарда ба Эрон
Порс тудей - Алиризо Зоконӣ-шаҳрдори Теҳрон , мизони хисорати террористҳои нуфузкарда ба Эрон ба Созмони оташнишониро садҳо миллиард тумон эълом кард .
Дар рӯзҳои ахир пас аз эътирозоти қонунии мардуми Эрон ба далели масоили иқтисодӣ ва гарон шудани қимати арз , шабакаҳои бегонаи вобаста ба режими Исроилу Амрико тибқи гуфтаи мақомоти онҳо дар хоки Эрон фаъол шуданд ва иқдом ба таҳаррукоти террористӣ карданд. Ба гузориши Порс тудей , Алиризо Зоконӣ-шаҳрдори Теҳрон бо маҳкум кардани иқдоми ошӯбгарони террорист , эълом кард : Ин террористҳо дар маҷмӯъ 800 миллиард тумон ба Созмони оташнишонӣ хисорат(зарар) ворид кардаанд. Ҳамчунин Қудратуллоҳи Муҳаммадӣ-мудири омили Созмони оташнишонии Теҳрон гуфт : Дар маҷмӯъ 50 худрави оташнишонӣ дучори осеб шуд ва шуморе аз таҷҳизот ҳам ба сирқат рафтааст(дуздида шудааст).
Вайронии 21 автобусу минибус дар ҳаводиси шабҳои гузашта дар Теҳрон
Дар ҳамин росто ширкати воҳиди автобусронии Теҳрон дар иттилоъияе эълом кард : Дар иғтишошоти ахир 21 автобусу минибус ба таври комил сӯхта ва аз дастрасӣ хориҷ шуда ва 56 автобӯс низ осеб дидааст.
Хисорати воридашуда дар шаҳри Рашт дар шимоли Эрон
Раҳими Шавқӣ-шаҳрдори Рашт дар шимоли Эрон низ бо ишора ба бароварди аввалияи хисоратҳои ворида ба зерсохтҳои ин шаҳр ба воситаи ҳамлаҳои гурӯҳакҳои созмонёфта гуфт : Беш аз 13 масҷид, 17 худрави оташнишонӣ , 11 идораи давлатӣ , 16 шуъбаи банк , дармонгоҳ , 500 мағозаи бозор дар пайи ба оташ кашида шудан , дучори хисорати шадид шуданд, ки хисоратҳо ҳамчунон дар ҳоли баровард ва баррасӣ аст .
Шаҳрдори Машҳад : Иғтишошгарон як триллион тумон ба таъсисоти шаҳрӣ хисорат заданд
Муҳаммадризо Қаландари Шариф-шаҳрдори Машҳад дар шимолу шарқи Эрон гуфт : Иғтишошот як триллион тумон дар иттифоқоти ду шаби гузашта ба бахши ҳамлу нақлу хадамоти шаҳрии Машҳад хисорат ворид карданд. Муҳаммадризо Қаландари Шариф афзуд : 12 автобӯс ба таври комил сӯхта ва нобӯд шуданд ва ба 2 автобӯс низ хисороти сангин ворид шуд. Шаҳрдори Машҳад изҳор кард : Як истгоҳи худрави оташнишонӣ ба ҳамроҳи таҷҳизот низ оташ зада шуд ва ба таври комил тахриб шуда ва се худрави оташнишонӣ дучори осеби шадид ва 2-то дигар низ аз рада хориҷ шуданд.
Тахриби чанд сохтмони умумӣ ва амволи давлатӣ дар шаҳри Илом
Гузориши майдонии хабарнигори ИРНА аз сатҳи шаҳри Илом дар ғарби Эрон ҳам ҳокист , террористҳои нуфузкарда ба Эрон ба чанд сохтмони умумӣ ва амволи давлатӣ аз ҷумла шуъаби банкҳо ҳамла карданд ва ин амволро тахриб карданд.