Сафири Англия ба Вазорати хориҷаи Эрон эҳзор шуд
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i123800-Сафири_Англия_ба_Вазорати_хориҷаи_Эрон_эҳзор_шуд
Порс-Тудей. Дар пайи тааррузи аносири зиддиэронӣ ба Сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон дар Лондон, сафири Англия ба Вазорати хориҷаи Эрон эҳзор шуд.
(last modified 2026-01-21T06:25:23+00:00 )
Январ 12, 2026 12:11 Asia/Dushanbe
  • Сафири Англия ба Вазорати хориҷаи Эрон эҳзор шуд
    Сафири Англия ба Вазорати хориҷаи Эрон эҳзор шуд

Порс-Тудей. Дар пайи тааррузи аносири зиддиэронӣ ба Сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон дар Лондон, сафири Англия ба Вазорати хориҷаи Эрон эҳзор шуд.

Дар пайи тааррузи аносири зиддиэронӣ ба Сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон дар Лондон ва беҳурматӣ ба парчами Эрону изҳороти мудохилаҷӯёнаи вазири умури хориҷаи Англия, Алиризо Юсуфӣ, дастёри вазир ва мудири кулли Ғарби Аврупои Вазорати умури хориҷаи Эрон, Ҳуго Шуртер, сафири Англия дар Теҳронро ба вазорати умури хориҷа эҳзор ва маротиби эътирози шадиди Ҷумҳурии исломии Эронро ба вай иблоғ кард.

Мудири кулли Ғарби Аврупои Вазорати умури хориҷаи Эрон кутоҳии айнии полиси Англия дар таъмини амнияту муқобила бо аносири қонуншиканро маҳкум карду масъулияти давлати Англия барои таъмини амнияти сафорат, дипломатҳо ва коркунону маконҳои дипломатии Ҷумҳурии исломии Эрон дар Англияро мавриди таъкид қарор дод.

Юсуфӣ ҳамчунин нисбат ба идомаи ҳузуру фаъолияти бархе ташкилоти террористӣ, ки таҳти унвони расона иқдом ба нашри дурӯғу тарвиҷи хушунату терроризм алайҳи миллати Эрон мекунанд, шадидан эътироз кард.

Мудири кулли Ғарби Аврупои Вазорати умури хориҷаи Эрон бо ёдоварии тааҳҳудоти ҳуқуқиву байналмилалии давлати Англия барои муқобила бо созмондеҳӣ ва таъмини молии терроризму худдорӣ аз ҳар гуна ҳимоят аз фаъолиятҳои террористӣ, бар зарурати пеш гирифтани иқдомоти қотеъ аз сӯи мароҷеи зирабти ин кишвар ҷиҳати таваққуфи фаъолияти ин гуна расонаҳои мураввиҷу ҳомии терроризм таъкид кард.

Сафири Англия дар Теҳрон низ зимни ибрози таассуф аз тааррузи суратгирифта алайҳи Сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон таъкид кард, ки маротибро дар зудтарин фурсат ба Лондон мунъакис хоҳад кард.