Охирин омор аз ҷиноёти созмонёфтаи террористҳои нуфузӣ дар шаҳрҳои мухталифи Эрон
-
Тахриби мошини ёрии таъҷилӣ дар Теҳрон тавассути террористҳои созмонёфта
Порс-Тудей. Тайи рӯзҳои гузашта дар пайи эътирозоти мусолиматомези мардуми Эрон ба вазъияти иқтисодӣ, шоҳиди ба саҳна омадани иғтишошгарону террористҳои нуфузӣ ба хиёбонҳо будем.
Аз чанд рӯзи пеш, таҷаммуоте мусолиматомез дар Эрон дар эътироз ба вазъияти иқтисодӣ баргузор шуд, ки террористҳои нуфузёфта бо вуруд ба ин таҷаммуот, ин эътирозҳоро ба самти иғтишош савқ доданд.
Ба гузориши “Порс-Тудей”, дар иқдомоти террористӣ дар Эрон анвои силоҳҳои гарму сард, маводи мунфаҷираи дастисоз, шамшер, табар ва чоқу аз сӯи террористҳои ҳозир дар майдон ба кор гирифта шудааст. Террористҳо илова бар қатлу куштор бо силоҳҳои гарму сард, дар мавориде бо қатъи сар, хафагӣ ё оташ задани мардум, саъй дар эҷоди тарсу ваҳшат доштанд.
Тибқи мустанадоти ба даст омада, дар ин ҳамалоти диишгуна (доишивор), шумори зиёде аз неруҳои интизомӣ ва амниятӣ ба шаҳодат расиданд. Аз миёни ҳозирон дар хиёбонҳо, аз занону кӯдакону раҳгузарон то касабаву рокибони васоили нақлия низ, шумори зиёде кушта шуданд.
Дар ҳамин ҳол, иқдомоти террористии густардае назири ҳамла ба касабаву мағозаҳову фурӯшгоҳҳои дар ҳоли фаъолият, анборҳо, масоҷид, васоили ҳамлунақли умумӣ, марокизи давлативу интизомӣ, пойгоҳҳои басиҷу калонтариҳо ба шадидтарин равишҳои ҷинояткорона анҷом шуд.
Тахриби 150 мошини ёрии таъҷилӣ тавассути террористҳо
Дар ҷараёни иғтишошоти террористҳои нуфузӣ дар Эрон, бахше аз таҷҳизоту зерсохтҳои дармонӣ ва марокизи имдодиву хадамотӣ дар манотиқи мухталифи кишвар мавриди ҳамла қарор гирифт. Ба гузориши хабаргузории “Тасним”, дар ҷараёни ин иғтишошот ҳудуди 150 мошини ёрии таъҷилӣ тахриб шудааст.
Охирин мизони хисороти Ҳилоли Аҳмар дар айёми иғтишошот
Дар ҳамин иртибот Муҷтабо Холидӣ, сухангӯи Ҳилоли Аҳмари Эрон изҳор дошт: Иғтишошгарон ба таҷҳизоту маконҳои созмони Ҳилоли Аҳмар ҳамла карданд, ки дар ин ҳамалот яке аз имдодгарони Ҳилоли Аҳмар дар яке аз устонҳо шаҳид шуд ва 5 нафар масдум шуданд. Яке аз шуъбаҳои Ҳилоли Аҳмар комилан аз дастрасии хадамотӣ хориҷ шудаву дорухонае дар Ҳилоли Аҳмари Исфаҳон ба шиддат осеб дидааст.
Аз сӯи дигар, Маҳдии Ализода, мудиромили ширкати воҳиди автобусронии Теҳрон гуфт, дар иғтишошоти рӯзҳои ахир дар пойтахт беш аз 79 дастгоҳ автобус тавассути иғтишошгарон осеб дидааст, ки 22 дастгоҳ ба оташ кашида шудаву бақия хисороти ҷиддӣ дидаанд ва ҳатто ронандагони ин ширкат низ ба қатл таҳдид шудаанд.
Ализода афзуд, дар канори ин хисорот, ба амволи умумие ҳамчун истгоҳҳои автобусу аломатҳои роҳнамоӣ ва ронандагӣ, ки дар хиёбонҳо барои рифоҳи мардум бунёд шуда буд, осебҳои ҷиддӣ ворид шудааст.
Оташсӯзии 26 манзили маскунӣ дар иқдомоти террористӣ
Дар ҳамин ҳол, Қудратуллоҳ Муҳаммадӣ, мудиромили созмони оташнишонии Теҳрон аз ба оташ кашида шудани 26 манзили маскунӣ хабар доду эълом кард: Дар иқдомоти террористии чанд рӯзи ахир дар манотиқи мухталифи Эрон 34 масҷид, 40 бонк, 15 муҷтамаи тиҷорӣ, 13 маркази давлатӣ ва 50 мошини умумӣ, имдодӣ ва шахсӣ осеб дидаанд.
Алиризо Зоконӣ, шаҳрдори Теҳрон низ эълом кард, иғтишошгарон дар маҷмуъ 800 миллиард тумон ба созмони оташнишонии Теҳрон хисорат ворид кардаанд.