Чаро иқдомот ва тавтеаҳои Амрико алайҳи Эрон ҳамвора шикаст мехӯрад?
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i123844-Чаро_иқдомот_ва_тавтеаҳои_Амрико_алайҳи_Эрон_ҳамвора_шикаст_мехӯрад
Порс Тудей - Намояндаи доими Эрон дар Созмони милал бо баёни ин ки мардуми Эрон аз кишвари худ дифо хоҳанд кард, таъкид кард, ки роҳбурди Амрико дар қиболи Эрон дар гузашта, шикасти хӯрда ва бори дигар низ шикаст хоҳад хӯрд.
(last modified 2026-01-17T05:03:48+00:00 )
Январ 14, 2026 13:35 Asia/Dushanbe
  • Чаро иқдомот ва тавтеаҳои Амрико алайҳи Эрон ҳамвора шикаст мехӯрад?

Порс Тудей - Намояндаи доими Эрон дар Созмони милал бо баёни ин ки мардуми Эрон аз кишвари худ дифо хоҳанд кард, таъкид кард, ки роҳбурди Амрико дар қиболи Эрон дар гузашта, шикасти хӯрда ва бори дигар низ шикаст хоҳад хӯрд.

Амирсаъиди Ереванӣ, сафиру намояндаи доими Эрон дар Созмони милал, дар номае ба Шӯрои амнияти Созмони милал таъкид кард, ки «Амрико ва режими саҳюнистӣ масъӯли ҷон бохтани ғайринизомиён, бавижа ҷавонон дар ҳаводиси ахири Эрон ҳастанд».

Ереванӣ дар ин нома, ки як нусхаи он барои дабири кули Созмони милал низ ирсол шуд, хотирнишон кард: Вашингтон аз таҳримҳо, таҳдидҳо ва доман задан ба нооромиҳо барои эҷоди баҳонае ба манзури мудохилаи низомӣ дар Эрон сӯиистифода мекунад.

Намояндаи Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид аз Шӯрои амнияту дабири кули Созмони милал хост, дахолати Амрико дар умӯри дохилии Эрон ва таҳдид ба истифода аз зӯрро маҳкӯм кунанд ва тасреҳ кард: Созмони Милали Муттаҳид бояд ба Амрико дар бораи ҳар гуна иштибоҳи муҳосиботии эҳтимолӣ, ки метавонад мунҷар ба таҷовузи низомӣ алайҳи Эрон шавад, ҳушдор диҳад.

Дар чароии нокомии роҳбурдҳои Амрико алайҳи Эрон ва бенатиҷа будани сиёсатҳои зиддиэронии Кохи Сафед дар солҳои ахир, бояд ба авомили мухталифи дохилӣ ва хориҷӣ ишора кард. Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамвора бар ин воқеият таъкид кардааст, ки омили аслии мушкилоти минтақаӣ ва бесуботӣ, дахолатҳои хориҷӣ будааст.

Эрон ба дунболи истиқлоли сиёсӣ ва шаклгирии назми амниятӣ бо ҳамкории кишварҳои минтақа ва бидуни дахолати Амрико аст; дар муқобил, Амрико талош мекунад, назми минтақаро мутобиқи манофеи худ ва муттаҳидонаш ҳифз кунад.

Ҷуғрофиёи сиёсии Эрон низ нақши муассире дар маҳдуд кардани қудрати Амрико дар минтақа доштааст. Эрон дар чаҳорроҳи Ғарби Осиё, Осиёи Марказӣ, Қафқоз ва шибҳи қора қарор дорад ва ин мавқеъияти вижа боис мешавад Эрон ҳеҷ гоҳ аз муъодилоти минтақаӣ ҳазфпазир набошад. Ҳузуру нуфузи муассири Эрон дар таҳаввулоти минтақа низ яке аз авомили аслии нокомии сиёсатҳои Амрико буда ва Вашингтон наметавонад ин воқеиятро нодида бигирад.

Мақомоти Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамвора таъкид кардаанд, ки сиёсатҳо ва роҳбурдҳои зиддиэронии Кохи Сафед тайи солҳои гузашта ба натиҷа нарасида ва дар оянда низ муваффақ нахоҳад шуд. Тавони дифоӣ ва боздорандагии Эрон, ҳазинаи ҳар гуна иқдоми низомии эҳтимолиро барои Амрико афзоиш додааст.

Дар арсаи таҳаввулоти байналмилалӣ низ шаклгирии эътилофҳои сиёсӣ ва иқтисодии кишварҳои мустақил, аз ҷумла дар гуруҳи БРИКС ва Созмони Ҳамкории Шанхай, мӯҷиби тағйироти сохторӣ дар низоми ҷаҳонӣ шуда ва ҷаҳони такқутбии матлӯби Кохи Сафед дигар вуҷӯди хориҷӣ надорад.

Бо шурӯи иғтишошоти рӯзҳои ахири Эрон, Амрико ва давлатҳои ғарбӣ бо такрори рафтори гузашта ва интишори ахбори нодуруст талош карданд аз таҳаввулоти дохилии Эрон баҳрабардории сиёсӣ кунанд. Дар ин шароит, мақомоти амрикоӣ ва ғарбӣ ба сароҳат ҳимояти худро аз террористҳо ва гурӯҳакҳои муздур, ки омили аслии нооромиҳо буданд, эълом карданд.

Дар нуқтаи муқобил, низоми Ҷумҳурии Исломии Эрон бори дигар бо иттико ба ҳузури густардаи мардуму ҳузури миллионии онон дар роҳпаймои 22 даймоҳ, тавтеъа ва аҳдофи шуми амрикоӣ-ғарбӣ ва саҳюнистиро ноком гузошт.

«Иштибоҳи ҳамешагии муҳосиботӣ»-и Вашингтону Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико барои сӯиистифода аз иғтишошоту харобкорӣ ва иқдомоти террористии гурӯҳакҳои ошӯбталаб, ин бор низ ба натиҷа нарасид ва ин мардуми Эрон буданд, ки бори дигар бо ҳузури густардаи худ парвандаи ошӯбталабиро ба поён расонданд.

Таҳаввулоти ахир дар Эрон нишон дод, ки дахолати мустақим ё ғайримустақими Амрико дар масоили дохилии Эрон, натиҷаи маъкӯс дорад ва боиси афзоиши ҳассосияту инсиҷоми дохилӣ мешавад.