Эрону Тоҷикистон раводиди ронандагони якдигарро лағв мекунанд
-
Эрону Тоҷикистон раводиди ронандагони якдигарро лағв мекунанд
Порс-Тудей. Вазорати хориҷаи Тоҷикистон эълом кард, ки аз ибтидои моҳи марти соли мелодии ҷорӣ (авоили исфанд) ин Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии исломии Эрон низоми раводид (виза) -ро барои ронандагони ҳамлу нақли байналмилалии якдигар лағв хоҳанд кард.
Як мақоми Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон эълом кард, ки аз ибтидои моҳи марти соли ҷории мелодӣ (авоили исфанд) ин кишвар ва Ҷумҳурии исломии Эрон низоми раводид (виза) -ро барои ронандагони ҳамлу нақли байналмилалии якдигар лағв хоҳанд кард. Вай гуфт, ин тасмим бар асоси мувофиқати дуҷонибаи давлатҳои ду кишвар гирифта шудааст.
Барасоси ин тасмим, ронандагон метавонанд бидуни виза то 30 рӯз дар ҳар давраи 90 рӯза, дар кишварҳои якдигар иқомат дошта бошанд. Акнун ронандагону кумакронандагони комюнҳои байналмилалӣ, ки дорои гузарномаҳои маъмулии Тоҷикистон ва Эрон ҳастанд, метавонанд бидуни виза аз тариқи тамоми гузаргоҳҳои марзӣ вориди хоки якдигар шаванд. Ронандагони тоҷику эронӣ метавонанд то 30 рӯз дар ҳар давраи 90 рӯза (яъне 30 рӯз дар се моҳ) бидуни гирифтани виза дар хоки якдигар иқомат дошта бошанд. /ИРНА