Иқтисоди Осиё| Навасони арзиши саҳҳом дар бозорҳои бурси Осиё
-
Навасонот дар бозори бурси кишварҳои осиёӣ
Порс-Тудей. Шохисҳои аслии аксари бозорҳои бурси кишварҳои осиёӣ сайри навасонӣ дар пеш гирифтанд.
Бозорҳои бурс дар кишварҳои мухталифи Осиё сайри навасонӣ доштанд, ба тавре ки шохиси «Ники 225» - бурси Ҷопон коҳиш дошту шохиси «Куспи» - бурси Кореяи Ҷанубӣ афзоиш дошт.
Ҳамчунин шохиси таркибии Шанхайи Чин ва шохиси «Ҳонг Санг» - бурси Ҳонг-Конг бо уфти арзиш мувоҷеҳ шуданду шохиси «Сонскс» - бурси Ҳинд низ коҳиш ёфт.
Тавофуқи таъруфаии Тайвану Амрико
Хабари дигар ин ки Тайван вау Амрико дар хусуси таъруфаҳо ба тавофуқ расиданд.
Тайван барои саноеи мошинсозӣ ва мублимони чӯбии сохти Амрико таъруфаҳои 15 дарсадӣ бидуни ҳазинаи изофиро тазмин кард ва барои бархе қатаоти мавриди истифода дар санъати ҳавофазо низ ҳеҷ таъруфае ҷорӣ нашуд.
Чу Ҷунг Той, нахуствазири Тайван аз тавофуқи ҷадиди тиҷорӣ бо Амрико ҳимоят кард, дар шароите ки Пекин онро маҳкум кард.
Тибқи ин тавофуқ, таъруфаҳои Амрико бар колоҳои тайванӣ ба 15 дарсад коҳиш меёбад ва дар ивази он 250 миллиард доллар сармоягузории ҷадид дар санъати фанноварии Амрико анҷом мешавад.