Январ 23, 2017 17:04 Asia/Dushanbe
  • Вазорати умури хориҷаи Эрон: Барои арзёбии Трамп бояд сабр кард

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт, арзёбии изҳороти раисиҷумҳури ҷадиди Амрико дар бораи “исломҳаросӣ”, ниёзманди замон аст.

Баҳроми Қосимӣ рӯзи душанбе дар нишасти хабарӣ бо хабарнигорони дохилӣ ва хориҷӣ дар посух ба саволе, дар бораи изҳороти исломситезонаи ахири Доналд Трамп-раисиҷумҳури ҷадиди Амрико, гуфт, аз давлати Трамп, бар акси раисони ҷумҳурии қаблии Амрико, ки то ҳадде дар даврони таблиғот мавозеъ ва сиёсатҳои давлаташон мушаххас буд, ҳанӯз наметавон арзёбии дақиқе дошт ва бояд мунтазири замон буд, то битавон чорчӯби нигоҳи минтақаӣ ва байналмилалии давлат ва ҳайати ҳокимаи Амрикоро дар бораи масоили ҷаҳонӣ, арзёбӣ кард.

Трамп дар маросими савгандёдкуниаш ба сароҳат аз иборати терроризми исломӣ истифода кард, то ба проекти исломҳаросӣ доман бизанад.

Қосимӣ ҳамчунин бо ишора ба баргузории музокироти сулҳи Сурия дар Остонаи Қазоқистон гуфт, бо мушорикати Эрон, Русия ва Туркия ба унвони нозир, ин музокирот ҳидоят мешавад ва ҳифзи оташбас авлавияти он аст.

Баҳроми Қосимӣ ҳамчунин дар бораи нишасти ахири Созмони ҳамкории исломӣ дар Малайзия барои ройзанӣ дар бораи сарнавишти мусулмонони рӯҳингё, гуфт, вазорати умури хориҷаи Эрон ҳассоситҳои худро дар қиболи мусулмонони рӯҳингё, пайгири мекунад ва пеш аз ин ҳам вазири умури хориҷаи Эрон бо ирсоли номае барои дабири кулли ҷадиди Созмони Милали Муттаҳид, назари ӯро ба ин мавзӯи муҳим ҷалб кард.

 

Барчасп