Интишори феҳристи ҷонбохтагони ҳаводиси даймоҳ - ҳамаи қурбониён фарзандони Эрон будаанд
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i124056-Интишори_феҳристи_ҷонбохтагони_ҳаводиси_даймоҳ_ҳамаи_қурбониён_фарзандони_Эрон_будаанд
“Порс-Тудей”. Дафтари раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар иттилоияе бар асоси сиёсати шафофият, масъулиятпазирӣ ва посухгуӣ ва ба дастури раиси Ҷумҳурии исломии Эрон, бо ҷамъоварии номҳо, ки тавассути пизишкии қонунии ин кишвар таҳия ва бо сомонаи Созмони сабти аҳвол татбиқ дода шудааст, феҳристи ҷонбохтагони ҳаводиси ахирро мунташир кард.
(last modified 2026-02-02T09:10:35+00:00 )
Феврал 02, 2026 12:31 Asia/Dushanbe
  • Онило, Мелино ва Баҳор - духтароне ки дар ҳаводиси ахир ба шаҳодат расиданд
    Онило, Мелино ва Баҳор - духтароне ки дар ҳаводиси ахир ба шаҳодат расиданд

“Порс-Тудей”. Дафтари раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар иттилоияе бар асоси сиёсати шафофият, масъулиятпазирӣ ва посухгуӣ ва ба дастури раиси Ҷумҳурии исломии Эрон, бо ҷамъоварии номҳо, ки тавассути пизишкии қонунии ин кишвар таҳия ва бо сомонаи Созмони сабти аҳвол татбиқ дода шудааст, феҳристи ҷонбохтагони ҳаводиси ахирро мунташир кард.

Дафтари раиси Ҷумҳурии исломии Эрон шомгоҳи якшанбе бо судури иттилоияе дар бораи ҳаводиси даймоҳи 1404 бо таъкид бар ин ки ҳамаи қурбониёни ин ҳаводис ва нооромиҳои ахир фарзандони ин сарзамин будаанд ва ҳеҷ доғдидае набояд дар сукут ва бепаноҳӣ раҳо шавад, афзуд: Бар хилофи душманону бадхоҳони таърихии ин сарзамин, ки бо ҷони афрод чун як ададу рақам муомила мекунанд ва бо афзудан бар он, саъй бар интифоъи сиёсии худ доранд, аз манзари давлати Ҷумҳурии исломии Эрон ҷонбохтагони ин ҳаводиси талх сирфан як адад нестанд ва ҳар кадом аз ин қурбониёни як ҷомеаву дунёе аз пайвандҳо будаанд.

Ба гузориши “Порс-Тудей”, ин иттилоия меафзояд: Ҳар эронӣ барои мо ба масобаи як Эрон аст ва раиси Ҷумҳурии исломии Эрон бинобар вазифаи ахлоқиву аҳду паймоне ки бо миллат бастааст, худро посдори ҳуқуқи онон медонад.

Матни иттилоия дар бораи ҳаводиси ахир ба шарҳи зер аст:

Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим

Эрон ин рӯзҳо дар канору ҳамдарди хонаводаҳое аст, ки дар сӯги сангини ҷон бохтани азизони худ ба сар мебаранд. Вазифаи ахлоқиву инсонии мардум, давлату ҳокимият тавваҷуҳи масъулона ба ранҷи музоафи бозмондагони ҳамаи ҷонбохтагон аст. Ҳамаи қурбониёни ин ҳаводису нооромиҳои ахир фарзандони ин сарзамин будаанд ва ҳеҷ доғдидае набояд дар сукут ва бепаноҳӣ раҳо шавад.

Бар хилофи душманону бадхоҳони таърихии ин сарзамин, ки бо ҷони афрод чун як ададу рақам муомила мекунанд ва бо афзудан бар он, саъй бар интифоъ (судҷӯи)-и сиёсии худ доранд, аз манзари давлати Ҷумҳурии исломии Эрон ҷонбохтагони ин ҳаводиси талх сирфан як адад нестанд ва ҳар кадом аз ин қурбониёни як ҷомеаву дунёе аз пайвандҳо будаанд. Ҳар эронӣ барои мо ба масобаи як Эрон асту раиси ҷумҳур бинобар вазифаи ахлоқиву аҳду паймоне ки бо миллат бастааст, худро посдори ҳуқуқи онон медонад. Инак сӯгмандона ба иттилои миллати шарифи Эрон мерасонад, омори кулли ҷонбохтгони ҳаводиси ахир чунон ки пеш аз ин низ иттилоърасонӣ шуда буд, 3117 нафар аст.

Бар асоси сиёсати шафофият, масъулиятпазирӣ ва посухгуӣ ва ба дастури Масъуди Пизишкиён, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон бо ҷамъоварии номҳо, ки тавассути пизишкии қонунии кишвар таҳия ва бо сомонаи Созмони сабти аҳвол татбиқ дода шудааст, феҳристи мушаххасоти 2986 нафар мунташир шуд. Иллати ихтилофи 131 нафар бо омори эъломшудаи қаблӣ марбут ба маҷҳулулҳувия будани теъдоде афроду муғойират дар сабти шиносаи миллии теъдоде аз ҷонбохтагон бо сомонаи сабти аҳвол будааст, ки ба маҳзи ислоҳ, дар феҳристи такмилӣ ироа хоҳад шуд.

Феҳристи пайваст шомили ном, номи хонаводагӣ, номи падар ва шаш рақами охири коди миллии ҷонбохтагон аст. Бо дарки нигаронӣ ва дағдағаҳои эрониён, сомонае тарроҳӣ шудааст, ки тайи 48 соати оянда нишонии он ба иттилои умум расонда хоҳад шуд то бидуни печидасозии идорӣ ва бо риояти шаъну ҳарими хусусӣ, ҳар гуна иттилооту иддаои ҷадид мавриди баррасӣ ва ростиозмоӣ қарор гирифта ва ба ҳамаи ибҳомоти эҳтимолӣ посухи саҳеҳу мутқан ироа шавад.

Умедворем дар сояи ваҳдат ва бо ҳамдардиву талош барои расидагӣ ба осебдидагону қурбониёни ҳаводиси ногувори ахир, шоҳиди бозгашти оромиши ҳарчӣ бештару тақвияти ҳамбастагии миллӣ дар Эрон бошем.