Паёми қотеъи Теҳрон; мӯшакҳо ва ғанисозӣ, хутути қирмизи ғайриқобили музокира
Порс Тудей - Вазири умури хориҷаи Эрон таъкид кард, Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бораи мӯшакҳояш музокира намекунад, зеро ин мавзӯъ сирфан дифоӣ аст.
Саидаббоси Ироқчӣ, вазири умури хориҷаи Эрон дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии “Ал Ҷазира” бо баёни инки музокирае дар хусӯси мӯшакҳои Эрон дар кор нест, гуфт: На акнӯн ва на дар оянда наметавон дар бораи мӯшакҳо музокира кард, зеро ин мавзӯъ сирфан дифоӣ аст ва қобили музокира нест.
Вай афзуд: Баҳси мӯшакҳо масъалае дохилӣ ва муртабит бо мардуми Эрон аст ва ҳеч тарафи хориҷӣ наметавонад дар умӯри дохилии Эрон дахолат кунад, зимни инки масоили минтақа марбӯт ба худи минтақа аст ва рабте ба кишварҳои хориҷ аз минтақа надорад.
Вазири умури хориҷаи Эрон дар бораи музокирот бо Амрико дар Масқати Уммон низ гуфт: Музокироти ҳастаӣ бо Вашингтон нуқтаи оғози хубе буд ва метавонад бо ҳамин рӯйкард идома ёбад ва албатта ҳамчунон роҳе тӯлонӣ барои эътимодсозӣ пеши рӯ аст.
Ироқчӣ таъкид кард, музокироти Масқат ғайри мустақим ва аз тариқи Уммон ва фақат дар мавзӯи ҳастаӣ буд; амрикоиҳо ба мавзӯи дигаре напардохтанд ва тавофуқ шуда буд, фақат дар мавзӯи ҳастаӣ суҳбат шавад ва ин амр дар музокирот риоят шуд.
Ғанисозии уран ҳаққи Эрон аст ва бояд идома ёбад
Раиси дастгоҳи дипломасии Эрон бо баёни инки баҳси мамнуияти ғанисозӣ аз назари Эрон қобили музокира нест ва хориҷ аз чорчӯби музокирот аст, гуфт: Ғанисозии уран ҳаққи Эрон аст ва бояд идома ёбад, мизони ғанисозӣ ба ниёзи Эрон бастагӣ дорад, мавзеи ҳокимиятии Эрон мухолифат бо интиқоли уран ба хориҷ аз кишвар аст, дар ин ҳол, Эрон омодагӣ дорад мизони ғанисозиро коҳиш диҳад. Вазири умури хориҷаи Эрон тасреҳ кард: Теҳрони омодаи расидан ба тавофуқе дар хусӯси ғанисозӣ аст то тарафҳои ғарбӣ дар ин маврид ба итминон барисанд, ки ин ғанисозӣ барои аҳдофи сулҳомез аст. Ироқчӣ таъкид кард, парвандаи ҳастаии Эрон фақат бо музокирот ҳалу фасл мешавад.
Теҳрон ва Вашингтон барои баргузории даври дувуми музокирот иттифоқи назар доранд
Вазири умури хориҷаи Эрон дар бораи даври дувуми музокирот бо Амрико низ гуфт: Ҳануз замони хоссе барои даври дувуми музокирот мушаххас нашудааст, аммо Теҳрону Вашигтон бар ин боваранд, ки бояд ба зудӣ баргузор шавад.
Ироқчӣ бо баёни инки раванди музокирот бояд холӣ аз ҳар гуна таҳдид ё эъмоли фишор бошад, гуфт: Эрон барои як тавофуқи одилона ва комил омодагӣ дорад ва агар иродае барои расидан ба натиҷа бошад, натиҷабахш хоҳад буд.
Дар сӯрати ҳамлаи Амрико, пойгоҳҳои онро ҳадаф қарор медиҳем
Вазири умури хориҷаи Эрон дар бораи эҳтимоли вуқуъи ҷангу посухи Эрон ба ҳамалоти эҳтимолии Амрико низ гуфт: Эҳтимоли вуқуъи ҷанг ҳамеша вуҷӯд дорад ва Эрон барои ҷилавгирӣ аз вуқуъи ҷанг омодагӣ дорад.
Вай таъкид кард, ки Ҷумҳурии исломӣ хоҳони ҷанги минтақаӣ нест ва кишварҳои минтақа низ чунин чизе намехоҳанд, аммо ҳар гуна ҳамлаи Амрико, метавонад шароитро тағйир диҳад; Эрон дар сӯрати мавриди ҳамла қарор гирифтани Амрико, ба кишварҳои ҳамсоя ҳамла нахоҳад кард, балки ба пойгоҳҳои Амрико ҳамла мекунад ва байни ҳамла ба пойгоҳҳои амрикоӣ ва кишварҳои ҳамсоя тафовут вуҷӯд дорад.
Даври ҷадиди гуфтугуҳои ҳастаии Эрону Амрико рӯзи ҷумъа (6 феврал) дар Масқат бо васотати салтанати Уммон баргузор шуд. Дар ин давр аз гуфтугӯҳо, ҳайатҳои музокиракунандаи Эрону Амрико маҷмӯъае аз назарот, мулоҳизаҳо ва рӯйкардҳои худро аз тариқи вазири умури хориҷаи Уммон ба якдигар минқал карданд.