Ироқчӣ: Эрон аз ороиши низомии тарафи муқобил дар минтақа ҳаросе надорад
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i124118-Ироқчӣ_Эрон_аз_ороиши_низомии_тарафи_муқобил_дар_минтақа_ҳаросе_надорад
Порс Тудей - Вазири умури хориҷаи Эрон бо таъкид бар инки Ҷумҳурии Исломии Эрон аз таҳдидҳои низомӣ намеҳаросад, гуфт: Эрон ҳам аҳли дипломасӣ ва мантиқ аст ва ҳам омодагии дифоӣ дорад то ҳеҷ тарафе ҷуръати таҳмили ҷанг ба миллати Эронро надошта бошад.
(last modified 2026-02-08T08:20:10+00:00 )
Феврал 08, 2026 13:19 Asia/Dushanbe
  • Саидаббоси Ироқчӣ, вазири умури хориҷаи Эрон дар Конгресси миллии сиёсати хориҷӣ
    Саидаббоси Ироқчӣ, вазири умури хориҷаи Эрон дар Конгресси миллии сиёсати хориҷӣ

Порс Тудей - Вазири умури хориҷаи Эрон бо таъкид бар инки Ҷумҳурии Исломии Эрон аз таҳдидҳои низомӣ намеҳаросад, гуфт: Эрон ҳам аҳли дипломасӣ ва мантиқ аст ва ҳам омодагии дифоӣ дорад то ҳеҷ тарафе ҷуръати таҳмили ҷанг ба миллати Эронро надошта бошад.

Саидаббоси Ироқчӣ, вазири умур хориҷаи Эрон рӯзи якшанбе дар “Конгресси миллии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон” бо ишора ба усӯли бунёдини сиёсати хориҷии кишвар афзуд: Имрӯз ороиши низомии тарафи муқобил дар минтақа барои мо эҷоди ҳарос намекунад, чаро ки Ҷумҳурии Исломии Эрон дар айни пойбандӣ ба дипломасӣ, аз тавони дифоӣ ва боздорандагии лозим бархӯрдораст.

Ироқчӣ бо баёни инки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии исломӣ реша дар истиқлолталабии мардуми Эрон дорад, афзуд: Шиори меҳварии инқилоби исломӣ “истиқлол, озодӣ, Ҷумҳурии исломӣ” ҳосили таҷрибаи таърихии талхи мудохилоти хориҷӣ ва фиқдони истиқлоли воқеӣ дар давраҳои пеш аз инқилоб буд; таҷрибае, ки мардуми Эронро ба мутолибаи истиқлоли ҳақиқӣ суқ дод.

Раиси дастгоҳи сиёсати хориҷии Эрон бо ишора ба усӯли қонӯни асосии Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт: Нафии султапазирӣ ва ҷилавгирӣ аз нуфузи бегонагон аз аркони асосии низоми Ҷумҳурии исломӣ аст ва бидуни дарки ин асл, сиёсати хориҷии Эрон дар 47 соли гузашта қобили фаҳм нахоҳад буд.

Вазири умури хориҷаи Эрон барномаи ҳастаии сулҳомези Эронро намунае аз ҳамин рӯйкарди истиқлолмеҳвар донист ва тасреҳ кард: Исрори Эрон бар ғанисозӣ на танҳо мубтанӣ бар ниёзҳои фаннӣ ва тавсеаи кишвар, балки ношӣ аз асли напазируфтани дастур ва султаи хориҷӣ аст; ҳеҷ кишваре ҳақ надорад ба Эрон бигӯяд, чӣ дошта бошад ё надошта бошад.

Ироқчӣ бо таъкид бар инки роҳи итминон аз моҳияти сулҳомези барномаи ҳастаии Эрон сирфан аз масири дипломасӣ мегузарад, гуфт: Гузинаҳои ғайри дипломатӣ, озмуда шуда ва ба натиҷа нарасидааст; донишу фанноварӣ бо бомбаборон аз байн намеравад.

Вазири умури хориҷаи Эрон тасреҳ кард: Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳам аҳли дипломасӣ аст ва ҳам омодагии дифоӣ дорад; агар бо забони эҳтиром сухан гуфта шавад, посухи эҳтиромомез дода хоҳад шуд ва агар забони зӯр интихоб шавад, Эрон низ мутаносиб бо он вокуниш нишон хоҳад дод.