Зарфияти Эрон барои табдил шудан ба қудрати бузурги ҷаҳонӣ
Муовини аввали раисиҷумҳури Эрон гуфт, Эрон метавонад ба яке аз қудратҳои бузурги сиёсӣ ва иқтисодии ҷаҳон табдил шавад.
Ба гузориши ИРНА, Исҳоқи Ҷаҳонгирӣ, муовини аввали раисиҷумҳури Эрон рӯзи душанбе дар маросими оғози ҳамоиши байналмилалии фурсатҳои сармоягузории савоҳили Макрон дар Чобаҳор (ҷанубу шарқи Эрон) афзуд, аҳамияти Эрон ба далели дастрасӣ ба бахшҳои дарёӣ ва обҳои озод ва қарор гирифтан дар чаҳорроҳи бозаргонӣ ва тиҷории ҷаҳон аст.
Ҷаҳонгирӣ ба зарфиятҳои фарҳангӣ, иқтисодӣ ва сиёсии Эрон ишора ва тасреҳ кард, савоҳили Макрон қобилиятҳои зиёде дар заминаи сармоягузорӣ дорад ва масири шимол - ҷануб ҳам мӯҷиби кушоиши иртибот бо кишварҳои минтақа мешавад.
Вай афзуд, кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон метавонанд, Чобаҳорро ба унвони як фурсати бузург барои сармоягузорӣ дар назар дошта бошанд. Ҳамоиши дурӯзаи байналмилалии муаррифии фурсатҳои сармоягузории савоҳили Макрон дар чобҳор, то фардо идома дорад.
Шаҳристони Чобаҳор дар ҷанубу шарқи Эрон, дар ҳамсоягии Покистон ва соҳили дарёи Уммон воқеъ шудааст.