Пизишкиён: Эрон дар баробари зиёдахоҳиҳои Амрико ва Аврупо сар хам нахоҳад кард
-
Масъуди Пизишкиён, раиси Ҷумҳури Исломии Эрон
Порс Тудей - Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт: Дунёи имрӯз бояд бибинад, ки мардуми Эрон барои посдошти инқилоби худ ва итоат аз раҳбарии низому дифо аз арзишҳо ва сарзамини пурифтихори худ дар суфӯфи миллионӣ дар саросари кишвар ба саҳна омадаанд.
Масъуди Пизишкиён, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи чаҳоршанбе ҳамзамон бо чиҳилу ҳафтумин солрӯзи пирӯзии инқилоби исломӣ, дар иҷтимои бошукӯҳи роҳпаймоёни 22 баҳман, ки дар майдони озодии Теҳрон гирди ҳам омаданд, изҳор дошт: Мардуми Эрон қиём карданд, ки адолат барқарор шаваду Эрон мустақил бошад ва ба ҷаҳониён нишон диҳанд, ки эрониён қодиранд бо тавон, ирода, илму ҳунари худ кишварашонро бисозанду иззату озодиро ба армағон оваранд.
Ба гузориши Порс Тудей, раисиҷумҳури Эрон таъкид кард: Амрико ва Аврупо тамоми талоши худро ба кор гирифтанд, ки инқилоби исломии Эронро замингир кунанд, аммо натавонистанд, ҷанги ҳаштсоларо ба мо таҳмил карданд, аз Саддом ҳимоят карданд, ки Эронро таҷзия ва тасхир кунанд ва ба шикаст водоранд, аммо ҷавонони эронӣ шуҷоъона бо фидо кардан ҷони худ аз кишвару низом ва инқилоб дифо карданд.
Пизишкиён бо таъкид бар инки гуруҳе дар гузашта ба номи Эрон ҳамаи манобеи кишварро ғорат карда ва бо худ бурданду имрӯз ҳам иддао мекунанд, тавони идораи мамлакатро доранд, изофа кард: Шуҳадои сарафрози Эрон ғайр аз ҷони худ, сармояи дигаре надоштанд ва онро ҳам дар роҳи ватан ва барои сарбаландии ин мамлакат фидо карданду шаҳодати ин шуҳадо далели муҳкаме аст, бар инки душманон касонеро террор мекунанд, ки ҳозиранд барои ин мамлакат аз тамоми вуҷӯди худ бигузаранд.
Раисиҷумҳури Эрон нақши кишварҳои минтақа ва исломиро дар нақшбароб кардани тавтеъаи душманон муҳим арзёбӣ карду афзуд: Кишварҳои минтақа яке пас аз дигаре дар тамосҳои телефонӣ дағдағаҳо ва мавозеъи худро бо мо дар миён мегузоштанд; дар ин масир аз мақомот, руасои ҷумҳур ва умарои кишварҳои минтақа шомили Туркия, Қатар, Иморот, Покистон, Арабистон, Миср ва ғайра қадрдонӣ мекунам, ки дағдағаи Эрон доштанд ва ба дунболи ҳали мусолиматомезу дипломатии масоили минтақа буданд то режими Исроилу Амрико иҷоза пайдо накунанд нақшаҳои шуми худро пиёда кунанд.
Пизишкиён таъкид кард: Эрон дар баробари зиёдахоҳиҳои Амрико ва Аврупо сар хам нахоҳад кард; ба дунболи силоҳи ҳастаӣ нестему омодаи ростиозмоӣ ҳастем; барои сулҳу субот бо кишварҳои минтақа дар ҳоли гуфтугӯ ҳастем.
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо таъкид бар инки минтақаи мо ниёзе ба ҳузури бегонагон надорад, изҳор дошт: Дар чорчӯби қавонини байналмилалӣ ва ҳуқуқи Эрон, омодаи гуфтугу ҳастем ва аз хутути қирмизе, ки раҳбари инқилоб таъйин кардаанд низ удӯл нахоҳем кард.