44-умин Ҷашнвораи филми Фаҷр; витрини навини синамои Эрон дар масири таҳаввул
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i124192-44_умин_Ҷашнвораи_филми_Фаҷр_витрини_навини_синамои_Эрон_дар_масири_таҳаввул
Порс Тудей – 44-умин Ҷашнвораи филми Фаҷр бо рӯйкарде мутафовиту ҷасурона ба кори худ поён дод; даврае, ки бо тамаркуз бар баргузории ҳирфаӣ, коҳиши ҳошияҳо ва эҷоди таҷрибае мунсаҷим барои ҳунармандону мухотабон, ҷойгоҳи худро ба унвони муҳимтарин рӯйдоди синамоии Эрон тасбит кард.
(last modified 2026-02-15T15:40:57+00:00 )
Феврал 15, 2026 20:26 Asia/Dushanbe
  • 44-умин Ҷашнвораи филми Фаҷр
    44-умин Ҷашнвораи филми Фаҷр

Порс Тудей – 44-умин Ҷашнвораи филми Фаҷр бо рӯйкарде мутафовиту ҷасурона ба кори худ поён дод; даврае, ки бо тамаркуз бар баргузории ҳирфаӣ, коҳиши ҳошияҳо ва эҷоди таҷрибае мунсаҷим барои ҳунармандону мухотабон, ҷойгоҳи худро ба унвони муҳимтарин рӯйдоди синамоии Эрон тасбит кард.

44-умин давраи Ҷашнвораи филми Фаҷрро метавон яке аз мутафовиттарин адвори ин рӯйдод донист; ҷашнворае, ки дар фазои печида ва таҳти фишорҳои берунӣ, бо тамаркуз бар баргузории муназзам, кам ҳошия ва ҳирфаӣ ба кори худ идома дод.

Муҳимтарин дастоварди ин давра, истимрори баргузории ҷашнвора ва ҳамроҳии ҳунармандон, расонаҳо ва мухотабон бо ин рӯйдоди миллӣ буд; иттифоқе, ки нишон дод “Фаҷр” ҳамчунон ҷойгоҳи худро ба унвони витрин(намоиш-дарича)-и синамои Эрон ҳифз кардааст.

“Фаҷр 44”-ро метавон даврае мубтанӣ бар “ҷасорат дар тасмимгирӣ” донист; даврае, ки бо тарҳи иддеаҳои тоза, заминаи гуфтугуи ҷиддӣ дар бораи сохтору коркарди ҷашнвораро фароҳам кард. Таҷрибаи имсол, сармояе барои ислоҳу тақвияти давраҳои оянда хоҳад буд то ин рӯйдоди миллӣ, ҳам дар ном ва ҳам дар кайфият, дурахшонтар аз гузашта баргузор шавад.

Ҷашнвораи филми Фаҷр; витрини солонаи синамои Эрон ҷашнвораи филми Фаҷр муҳимтарин рӯйдоди расмии синамоии Эрон аст, ки аз соли 1361 ҳамзамон бо Даҳаи Фаҷр баргузор мешавад ва ба унвони аслитарин трибуни намоиши тавлидоти солонаи синамои кишвар шинохта мешавад. Ин ҷашнвора илова бар Теҳрон, дар солҳои ахир бо экранҳои устонӣ, доманаи мухотабони худро ба саросари кишвар густариш дода ва нақши меҳварӣ дар сиёсатгузории фарҳангӣ ва муаррифии ҷараёнҳои тозаи синамоӣ доштааст.

Таърихча ва коркарди ин ҷашнвора дар оғоз бо ҳадафи намоишу арзёбии тавлидоти синамо пас аз инқилоб шакл гирифт ва ба тадриҷ ба муҳимтарин маҳали рақобати филмсозони эронӣ табдил шуд. То соли 2015 бахши байналмилал низ дар дили ҳамин рӯйдод баргузор мешуд, аммо пас аз он ба сӯрати мустақил идома ёфт.

Дар тӯли чаҳор даҳаи гузашта, бисёре аз филмсозони шохиси синамои Эрон нахустин бор аз тариқи “Фаҷр” муаррифӣ шудаанд ва дарёфти “Симурғи булурин” ба унвони муҳимтарин ҷоизаи он, масири ҳирфаии ононро таҳти таъсир қарор додааст.

Сохтору бахшҳо бахши аслии рақобатии ҷашнвора бо унвони “Савдои Симурғ” ба филмҳои баланди эронӣ ихтисос дорад. Дар канори он, бахшҳое барои филмҳои мустанад, кӯтоҳ, кӯдаку навҷавон ва гоҳ намоишҳои вижа ва бузургдоштҳо баргузор мешавад.

Муҳимтарин ҷоиза, “Симурғи булурин” аст, ки дар риштаҳое чун беҳтарин филм, коргардонӣ, филмнома, бозигарӣ ва ҳамчунин ҷоизаи мардумӣ эҳдо мешавад. Аҳаммияти фарҳангӣ ва санъатии “Фаҷр” сирфан як рӯйдоди намоишӣ нест, балки шохисе барои санҷиши вазъияти солонаи синамои Эрон маҳсӯб мешавад.

Таркиби осор, мавзӯоти ғолиб, ҳузури насли ҷадиди филмсозон ва ҳатто вокуниши мунтақидону мухотабон дар ин ҷашнвора, ҷиҳатгириҳои ояндаи синамои кишварро нишон медиҳад. Бисёре аз филмҳо пас аз муваффақият дар “Фаҷр” вориди чархаи экрани умумӣ шуда ва масири ҷавоизи дохилӣ ва байналмилалиро тай мекунанд.

Дар давраҳои ахир, талошҳое барои ислоҳи сохтор, афзоиши шафофият, густариши экранҳои мардумӣ ва тағйири шеваи доварӣ сӯрат гирифтааст; иқдомоте, ки гоҳ бо истиқболу гоҳ бо нақд ҳамроҳ буда ва нишондиҳандаи ҷойгоҳи ҳассоси ин ҷашнвора дар фазои фарҳангии Эрон аст.

Дар маҷмӯ, Ҷашнвораи филми Фаҷр ҳамчунон муҳимтарин нуқтаи талоқии синамогарон, мунтақидон, расонаҳо ва мухотабони эронӣ аст; рӯйдоде, ки на танҳо витрини синамои сол, балки оинае аз таҳаввулоти фарҳангӣ ва иҷтимоии Эрон башумор меравад.